Кудаккушӣ шохисаи режими саҳюнистӣ аст

Вазири умури хориҷаи Эрон дар солрӯзи шаҳодати Муҳаммад Алдурра кудаки бегуноҳи фаластинӣ навишт: аз ибтидои соли 2023 то ҳол 40 кудаки фаластинӣ тавассути режими нажодпараст ва ҷаълии саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд. Кудаккушӣ шохисаи ин режим аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Ҳусайн Амираблуллоҳиён, вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба солрӯзи шаҳодати Муҳаммад Алдурра, кудаки фаластинӣ дар сафҳаи шахсии худ навишт:

23 сол аз шаҳодати мазлумонаи Муҳаммад Алдурра кудаки бегуноҳи фаластинӣ мегузарад ва 23 сол аст, ки модарони фаластинӣ ҳар шаб достони муқовимати ӯро дар гӯши фарзандонашон наҷво мекунанд.

Вай ҳамчунин навишт: Аз ибтидои соли 2023 токунун 40 кудаки фаластинӣ тавассути режими нажодпараст ва ҷаълии саҳюнистӣ ба шаҳодат расиданд.

Аамирабдуллоҳиён қайд кард: Кудаккушӣ шохисаи ин режим аст.

Кудаки фаластиние, ки шаҳодаташ дунёро такон дод

Рӯзи 30 сентябр  баробар аст бо рӯзи кудаки фаластиние, ки ба муносибати шаҳодати Муҳаммад Алдурра, кудаки 12-солаи фаластинӣ бо тири мустақими сарбозони режими саҳюнистӣ ба ин исм номгузорӣ шудааст.

 

Рӯзи 30 сентябри соли 2000 мелодӣ дар Интифозаи Ақсо (дуюмин рӯзи оғози ҷунбиши муқовимати мардумии густарда барои муқобила бо ишғолгарӣ ва зулми режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо) замоне, ки байни сарбозони артиши режими саҳюнистӣ ва неруҳои дастгоҳи амниятии вақти ҳукумати худгардони Фаластин, даргирии шадиде дар шаҳри Ғазза ба вуҷуд омад як падару писари фаластинӣ миёни ду тарафи гирафтоданд. Бо оғози даргирӣ падар пушти як монеи симонӣ қарор гирифту фарзанди 12-солаашро пушти худ паноҳ дод. Аммо низомиёни саҳюнист ба ӯ муҳлат намедиҳанд. Падару писар фарёди кумак сар доданд, аммо яке аз тирҳои шиллик шуда бо гузаштан аз дасти рости падар ба пои Муҳаммад расид. Пас аз гузаштани чандин дақиқа аз тирпарониҳои низомиёни саҳюнистӣ Муҳаммад болотанааш ҳам мавриди исобати тир қарор мегирад. Бо вуҷуд дур тир хурдани Муҳаммад, вай ба падараш мегӯяд: “Падар бовар кун ман хуб ҳастам! Аз онҳо натарс!”

Тасвири шаҳодати Муҳаммад Алдурра дар оғуши падараш аз суи хабарнигори канали дуюми телевизиони Фаронса нашр шуд ва виҷдонҳои бедорро дар тамоми дунё ба ларза овард.

Интифозаи Ақсо

Интифозаи Ақсо ё дуюмин рӯзи оғози ҷунбиши муқовимати мардумии густарда барои муқобила бо ишғолгарӣ ва зулми режими саҳюнистӣ дар Масҷидулақсо дар рӯзи 28 сентябри соли 2000 пас аз ҳамлаи Ариэл Шарон ба ҳамроҳи шумори зиёде аз низомиёни саҳюнистӣ ба Масҷидулақсо, оғоз ёфт. Шарон, ки дар он замон дар мақоми раиси мухолифони режими саҳюнистии Исроил қарор дошт, илова бар иқдоми таҳрикомези худ дар ҳавлии қиблаи аввали мусалмонони ҷаҳон, изҳороти таҳрикомезеро дар бораи вазъияти Масҷидулақсо унвон кард, иқдоме ки дар ниҳоят ба сабаби оғози интифозаи дуюм шуд.

Бар асоси оморҳо дар ҷараёни  рухдодҳои интифозаи Ақсо 4 ҳазору 412 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва 48 ҳазору 322 нафари дигар захмӣ шуданд. Ҳамчунин дар ҷараёни ин интифоза, 1 ҳазору 69 саҳюнисти яҳудӣ ба ҳалокат расида ва 4 ҳазору 500 нафари дигар захмӣ шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад