Бузургтарин чолиши Иттиҳоди Аврупо – фурӯпошӣ наздик аст?

Бо афзоиши муҳоҷирон ва адами пойбандии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо ба қарорҳо ва сиёсатҳои муҳоҷиратӣ, ин иттиҳодия бо чолишҳое рӯбарӯ аст .

Агарчи Иттиҳоди Аврупо бо 28 узваш бо чолишҳое монанди адами вуҷуди раҳбари муқтадир ва воҳид, ифротгароӣ, набуди сиёсати хориҷӣ ва амниятии муштарак ва табаият аз Амрико мувоҷеҳ аст, аммо чолиши паноҳҷӯён беш аз бақия ҷиддӣ аст.

Иттиҳоди Аврупое, ки то солҳо пеш ба унвони як улгуи ҳамгароии минтақаӣ аз он ном бурда мешуд, инак рӯ ба уфул ниҳода ва бо чолишҳои ҷиддӣ рӯбарӯ аст; чолишҳое, ки гоҳе мавҷи буҳрони энергетика ва иқтисодиро ба самти онҳо савқ дода ва гоҳе бистарсози вогароӣ ҳамчун воқеаи «Брегзит» (хурӯҷи Англис аз Иттиҳоди Аврупо) шудааст.

Бисёре бар ин боваранд, ки чӣ басо ин чолишҳо бистарро барои вогароӣ ҳамвор кунад. Чанде пеш пойгоҳи таҳлилии Нишюнал Интрест дар ин бора навишт: Иттиҳоди Аврупо худро дар мухотираомезтарин муъзали даврони пас аз Ҷанги ҷаҳонии дувум мебинад. Хатари шикоф байни кишварҳои узви Аврупои марказӣ ва Аврупои шарқӣ ва низ аксарияти кишварҳои дигар бар сари манофеи мутафовит ҷиддӣ аст.

Агарчи ҳамвора сенарияи «вогароӣ» матраҳ буда, аммо Ҷузеф Бурел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо чанд рӯзи пеш аз сенарияи «фурӯпошӣ» рӯнамоӣ кард ва ҳушдор дод, ки ин иттиҳодия бо шикофи амиқ бар сари сиёсатҳои муҳоҷиратӣ дасту панҷа нарм мекунад ва масъалаи муҳоҷират метавонад Иттиҳоди Аврупоро ба фурӯпошӣ бикашонад.

 Сояи буҳрони муҳоҷират бар сари иттиҳодияи 28 узвӣ

Аврупо тайи даҳаҳои пеш миллионҳо муҳоҷир ва паноҳҷӯро аз нуқтаҳои ҷаҳон ба вижа кишварҳои Ховари Миёна, ки бо дахолат ва ҷангафрӯзии ғарб ба буҳрон кашида шудаанд, ҷой додааст ба унвони намуна танҳо дар соли 2015, ҳудуди як миллион нафар ҷангзада ва овора худро ба хоки Аврупо расонданд.

رمزگشایی از بزرگترین چالش اتحادیه اروپا؛ انحلال نزدیک است

Масъалаи муҳоҷират ва паноҳндагӣ ба Аврупо аз феврали 2022 бо шурӯъи буҳрони Украина ҷиддитар шуд. Чанде пеш, Ожонси марзии Аврупо (фурунтекс) аз афзоиши бесобиқаи шумораи мавориди вуруди ғайриқонунӣ ба марзҳои Иттиҳоди Аврупо тайи 6 соли гузашта хабар дод.

Бар асоси ин гузориш, мизони убури муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз марзҳои Иттиҳоди Аврупо тайи 9 моҳи нахусти 2022 ҳудуди 70 дарсад нисбат ба муддати мушобеҳ дар соли гузашта афзоиш ёфта ва ба болотарин сатҳи худ аз соли 2016 токунун расидааст.

Ҳамчунин бар пояи охирин оморе, ки Ожонси паноҳндагони Созмони Милали Муттаҳид дар таърихи 29 ноябри 2022 нашр кард, кишварҳои аврупоӣ ҳар кадом саҳме аз мизбонии оворагони украинӣ доштаанд.

Дар ин миён Полша бо беш аз 1 миллиону 500 ҳазор нафар дар ҷойгоҳи нахуст, Олмон бо беш аз як миллион нафар дар ҷойгоҳи дувум ва Чехия бо 463 ҳазор нафар дар ҷойгоҳи севум қарор дошт. Молдова, Булғория, Италия, Фаронса, Англис ва Италия низ ҳар кадом мақсади садҳо ҳазор паноҳҷӯи украинӣ буданд.

رمزگشایی از بزرگترین چالش اتحادیه اروپا؛ انحلال نزدیک است

 Тақсими номуназзами паноҳҷӯён; нуқтаи мушкилоти иттиҳодия

Масъулияти ҷойдеҳии муҳоҷирон ба таври мусовӣ дар саросари Иттиҳоди Аврупо тақсим нашудааст. Бозигарони аслии иттиҳодия ва низ кишварҳое, ки нуқтаи вуруди муҳоҷирон ҳастанд, бештарин борро аз назари иҷтимоӣ ва молӣ, ба дӯш мекашанд. Гурӯҳи кӯчаке аз кишварҳои сарватмандтар, ки ба унвони маҳалли искони муҳоҷирон тарҷеҳ дода мешаванд низ саҳми бештаре аз масъулиятро бар ӯҳда доранд.

Аз соли 2015, ки теъдоди паноҳҷӯён ва муҳоҷирони озими Аврупо ба авҷи худ расида, то кунун Олмон бахши умдаи паноҳҷӯёнро ба кишвар роҳ додааст дар ҳоле, ки Полша (ба истиснои пазириши паноҳҷӯёни украинӣ) ва Венгрия ҳатто ҳозир нашудаанд саҳмияеро, ки Иттиҳоди Аврупо барои онҳо таъйин карда бипазиранд; масоили инчунинӣ, ки мӯҷиб шудааст ихтилофҳои шадиде миёни аъзои Иттиҳоди Аврупо буруз пайдо кунад.

Илова бар ин кишварҳои ғарб ва шимоли Аврупо соири кишварҳои узви иттиҳодияро ба тасҳили тааммудии убури муҳоҷирон ба самти соири кишварҳо муттаҳам мекунанд то ҷое, ки таблиғоти васеъ рӯйи ин мавзӯъ -ба унвони яке аз далелҳо- сабаби пирӯзии ҷунбиши Брегзит дар Англис ва хурӯҷи ин кишвар аз Иттиҳоди Аврупо шуд.

Ин ихтилоф ҳатто миёни кишварҳои узв ва ғайри узви Иттиҳоди Аврупо низ ҳоким аст. Кишварҳои ғайри узви Иттиҳоди Аврупо, ки умдатан дар Аврупои шарқӣ мустақар ҳастанд, интиқодоти шадиде нисбат ба сиёсатҳои муҳоҷиратии кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо доранд. Бархе аз ин кишварҳо монанди Сербистон таҳти фишорҳои шадиде аз сӯи Иттиҳоди Аврупо барои эъмоли сиёсатҳои зиддимуҳоҷиратии сахтгиронатаре қарор доранд.

Нишастҳо ва сиёсатҳои муҳоҷиратии иттиҳодия низ токунун роҳгушо набудааст. Тирмоҳи имсол, Иттиҳоди Аврупо барои аввалин бор пас аз солҳо мувофиқат кард, ки сиёсати муҳоҷиратии худро ислоҳ кунад. Талошҳои қаблӣ барои танзими муҳоҷират бар асоси муқаррароти Дублин, ки тасреҳ мекунад паноҳҷӯ бояд дар аввалин кишвари узве, ки вориди он мешавад, дархости искон диҳад, корсоз набуд.

Бознигарӣ дар қонуни Дублин, ки саҳмияҳои пазириши иҷбориро бар кишварҳои узв таҳмил мекард, танҳо шикофи даруни блокро амиқтар кард. Бар асоси қонуни пешниҳодии ҷадид, кишварҳо метавонанд муҳоҷиронеро, ки таҳти системаи саҳмиябандӣ масъулияти онҳоро бар ӯҳда гирифтаанд, напазиранд, аммо бояд барои ҳар паноҳндае, ки аз пазириши он имтиноъ мекунанд, 22 ҳазор евро бипардозанд.

Ин иқдом барои давлатҳое, ки дар пазириши муҳоҷирон тардид доранд, инъитофпазирӣ эҷод мекунад. Албатта бархе аз кишварҳои Аврупои шарқӣ ҳанӯз норозӣ ҳастанд. Ба унвони мисол, Полша мухолифат карда ва истидлол мекунад, ки рақаме, ки барои адами пазириши паноҳҷӯ таъйин шуда, сабаб мешавад, ки ҳазинаҳояш боло биравад.

Дар ҳамин ҳол, Иттиҳоди Аврупо низ дар талош аст, то монеъ аз ин шавад, ки муҳоҷирон аз кишварҳои мабдаъ вориди Аврупо шаванд. Комиссия Аврупо маҷмӯае аз иқдомотро барои анҷоми ин кор пешниҳод кардааст; иқдомоте аз ҷумла беҳбуди контролҳои марзӣ, тасриъ дар бозгашт ба кишвар ва тахсиси пул ба кишварҳои мабдаӣ.

Ин комиссия ҳамчунин қасд дорад сармоягузориҳои бештареро ба кишварҳое, ки бозгашти муҳоҷиронро мепазиранд, ихтисос диҳад. Ин блок ахиран беш аз як миллиард евро барои кумак ба суботи иқтисод ва маҳори муҳоҷират, ба Тунис эъто кардааст. Бо ин ҳол, баъид аст, ки чунин пардохтҳое ҷараёни муҳоҷиронро ба шакли маҳсусӣ коҳиш диҳад. Ҳаддиақал дар ҳоли ҳозир, бо таваҷҷуҳ ба сатҳи ихтилолҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кишварҳои тавлидкунандаи муҳоҷир, чунин интизоре воқеъбинона нест.

Ин чолиши бузург боис шуд, ки Ҷузеф Бурел, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо дар рӯзҳои ахир ҳушдор диҳад, ки ин иттиҳодия бо шикофи амиқ бар сари сиёсатҳои муҳоҷиратӣ дасту панҷа нарм мекунад ва масъалаи муҳоҷират метавонад Иттиҳоди Аврупоро ба фурӯпошӣ бикашонад.

رمزگشایی از بزرگترین چالش اتحادیه اروپا؛ انحلال نزدیک است

Бурел ин ихтилофро ношӣ аз ихтилофҳои амиқи фарҳангӣ ва сиёсӣ байн кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо донист ва гуфт: бархе аз аъзои Иттиҳоди Аврупо дар бораи пазириши муҳоҷирон муқовамат карда ва монанд Ҷопон рафтор мекунанд ва мегӯянд мо намехоҳем афроди хориҷӣ ва муҳоҷирро бипазирем ва бо онҳо махлут шавем ва мехоҳем нижоди худро ҳифз кунем.

 Чароии мухолифат бо пазириши паноҳҷӯ

Ҳамон тавр, ки ишора шуд, Аврупо дар солҳои ахир шоҳиди рушди физояндаи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён будааст. Ин рушди зиёд ношӣ аз ҷангҳо ва мушкилоти иқтисодӣ дар чандин минтақа аз ҷумла Сурия, ҷануби Осиё, шимоли Африқо ва ахиран Украина аст.

Бо ин ҳол, теъдоди бисёр зиёди муҳоҷирон ва паноҳҷӯёни қонунӣ ва ғайриқонунӣ, ки дар солҳои ахир вориди Аврупо шудаанд, чолишҳоеро дар заминаи маскан, омӯзиш, иштиғол ва хадамоти иҷтимоӣ эҷод кардаанд. Иттиҳоди Аврупо аз тариқи будҷаи баландмуддати худ манобееро дар ин замина ихтисос медиҳад.

Аз замоне, ки муҳоҷирати дастаҷамъии паноҳндагони украинӣ оғоз шуд, комиссияи Аврупо тақрибан аз тамоми захоири мавҷуд дар ин сандуқ барои ироаи кумакҳои изтирорӣ ба кишварҳое, ки бо Украина ҳаммарз ҳастанд, истифода кардааст ва ҳоло мавҷудии ин манобеъ рӯ ба итмом аст. Ин масъала як манбаи аслии ихтилоф байни аъзои Иттиҳоди Аврупо будааст.

Ҳузури пуршумори паноҳҷӯён боиси бурузи мушкилот зиёди иқтисодӣ барои шаҳрвандони Аврупоӣ ва давлатҳои онҳо шудааст. Яке аз муҳимтарин мавзӯъоте, ки дар бораи муҳоҷирон матраҳ мешавад, ихтисоси маҳалли искон барои онҳо аст. Дар бисёре кишварҳои аврупоӣ бо вуруди муҳоҷирон қимати харид ва иҷораи маскан бо афзоиши чашмгире мувоҷеҳ шудааст, ки ба сурати табиӣ норизоятии мардуми бумиро дар пай дорад. Умдатарин таъсири муҳоҷирон бар иқтисодҳои аврупоӣ, «афзоиши бекорӣ», «таҳмили бори изофӣ бар будҷаи умумӣ» ва «фишор бар зарфиятҳои зерсохтӣ» аст.

Аз дигар паёмадҳои вуруди мавҷи муҳоҷирон ва паноҳҷӯён ба кишварҳои аврупоӣ, зуҳур ва ташдиди таҳаррукоти ҷунбишҳои ифротӣ аст. Ба унвони намуна гурӯҳи рост-ифротии фаронсавӣ мавсум ба «насли ҳувиятталаб» апрели соли 2018 дар ноҳияҳои марзии кӯҳҳои Алп дар Фаронса контроли марз бо Италияро ба даст гирифта ва дархости масдуд шудани ин минтақаро карданд.

Дар маҷмӯъ муҳоҷирон яке аз муҳаррикҳо ва решаҳои аслии рушд ва хезиши ҷунбишҳо ва ҷараёнҳои рост – ва миллигаро- дар Аврупо аст. Дар ин чорчуб аҳзоби ифротӣ монанди «ҳизби миллии Бритониё» ва «ҷабҳаи миллӣ» дар Фаронса дар вокуниш ба меҳварҳое монанди афзоиши мизони бекорӣ, афзоиши нархи молиёт, коҳиши сатҳи рифоҳи зиндагӣ ва дастрасӣ ба омӯзиш фаъолият мекунанд, ки яке аз сабабҳои мустақим ва ғайримустақими онҳо вуруди ҳаҷми пуршумори муҳоҷирон аст.

رمزگشایی از بزرگترین چالش اتحادیه اروپا؛ انحلال نزدیک است

Афзӯн бар тазоҳуроти зиддидавлатӣ ва нишона гирифтани нӯги пайкони иттиҳомҳо ба самти сиёсатҳои муҳоҷиратии давлатмардони аврупоӣ, паноҳндагон низ аз хушунати мардум дар амон нестанд ва ба рағми оғӯши бози ғарб бар рӯйи паноҳҷӯёни украинӣ бархилофи рафтори зананда бо паноҳҷӯёни Ховари Миёна, муҳоҷирони украинӣ низ борҳо ҳадафи тазоҳуроти зиддмуҳоҷират қарор гирифтаанд.

Ба унвони намуна чандин эътироз дар Варшава дар соли 2022 ба далели ҳуҷуми густарда ипаноҳҷӯёни украинӣ баргузор шуд. Вазири адлияи иёлати Бодан-Вуртемберги Олмон эълон кард, ки паноҳндагони Олмонро дар «вазъияти бисёр изтиробӣ» қарор медиҳанд ва ҳушдор дод, ки бо искони бештари оворагони украинӣ, ин вазъият бадтар хоҳад шуд. Ҳамчунин дар Ирландия, шаҳрвандони ин кишвар дар моҳи ноябр алайҳи вуруди 380 паноҳҷӯи украинӣ ба Дублин тазоҳурот карданд.

رمزگشایی از بزرگترین چالش اتحادیه اروپا؛ انحلال نزدیک است

 Фарҷоми сухан

Иттиҳодияи 28 узвии Аврупо, ки замоне улгуи ҳамгароии минтақаӣ ба шумор мерафт, дар ин солҳо бо чолишҳои дарунӣ ва берунӣ мувоҷеҳ аст, ки адами вуҷуди раҳбари муқтадир ва воҳид, ихтилофп назари бозигарон, ҷойи холии сиёсати хориҷӣ ва амниятии муштарак ва низ вобастагӣ ва думболаравӣ аз Амрико аз он ҷумла аст.

Ин ҳамгароӣ ба тадриҷ масири вогароӣ дар пеш гирифтааст ва бархе аз ин аносири вогароёна иборатанд аз тардид нисбат ба самарбахш будани проекти идғом ва ҳамгароӣ, эҳсоси бениёзии бархе аъзои Иттиҳоди Аврупо ба вижа аз лиҳози иқтисодӣ (далели вуқӯъи Брегзит), мавқеияти байналмилалии аъзои иттиҳодия ва ҷойгоҳи онҳо дар сафбандии ҷаҳонӣ, адами омодагӣ барои интиқоли ҳокимияти миллӣ ба иттиҳодия, аҳамияти тафовутҳои фарҳангӣ ва фаровонии забонҳо, густариши беравияи Иттиҳоди Аврупо ва ҳамчунин шикофҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ миёни шарқу ғарб Аврупо.

Аммо муҳимтарин чолише, ки Бурел онро хатарнок ва бистарсози фурӯпошии иттиҳодия медонад, сиёсати муҳоҷиратӣ ва паноҳҷӯӣ аст; Мавзӯе, ки аз як сӯ ба рушди попллисм ва тақвияти аҳзоби ифротӣ сабаб шудааст ва аз сӯи дигар боис шудааст, ки бозигарони иттиҳодия ба баҳонаҳои мухталиф аз зери бори пазириши онҳо шона холӣ карда ва аз мусавваботи иттиҳодияи сарпечӣ кунанд; чолише, ки дар ниҳоят мумкин аст ба фурӯпошии Иттиҳоди Аврупо хатм шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад