Аҳмад Масъуд: Ба ҷанги партизанӣ идома медиҳем

Аҳмад Масъуд гуфт, бо Толибон дар бораи созиш, гуфтугӯе надорем ва ба ҷанги партизанӣ барои овардани ин гуруҳ бар мизи музокира идома медиҳем.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз хабаргузории Ройтерс, Аҳмад Масъуд, раҳбари дар табъиди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар мусоҳибае дар Париж гуфт, танҳо роҳ барои Толибон бо ҳадафи дастёбӣ ба машруъият ин аст, ки интихобот баргузор кунад, аммо дар ҳоли ҳозир дурнамое барои чунин иқдоме дида намешавад.

Вай идома дод: Толибон аз ҳаргуна музокира барои гуфтугӯ имтиноъ мекунад ва фақат аз ҷаҳону мардум Афғонистон мехоҳад то бипазиранд ин танҳо равиши рӯ ба ҷилав аст.

Гуруҳҳои муқовимати миллии Афғонистон вафодор ба Масъуд ва мухолифи ба қудратрасидани дубораи Толибон ҳастанд ва даргириҳое ҳам аз августи 2021 байни ду тараф дар Панҷшер рух додааст.

Аҳмад Масъуд, ки аз хориҷ аз кишвар бар ин гуруҳҳо назорат дорад гуфт, ки Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон маҷбур шуда то тактикҳояшро тағйир диҳад чун наметавонад бо Толибон, ки ба шиддат муҷаҳҳаз аст, мубориза кунад.

Вай бо ишора ба рушди теъдоди неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон аз 1200 ба 4000 нафар гуфт: мо соли гузаштаи мелодӣ як рӯйкарди амалитарро интихоб кардем, ки ҳамон ҷанги партизанӣ мебошад. Барои ҳамин аст, ки мебинед бо ин теъдоди кам таъсири бештаре доштаем.

Аҳмад Масъуди 34 сола, ки барои рӯнамоӣ аз як китоби ҷадид дар Париж буд, ҳамчунин гуфт: неруҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳеҷ кумаки низомӣ дарёфт намекунанд ва ба анборҳои таслеҳотии марбут ба чандин даҳаи ҷанг дар Афғонистон вобаста ҳастанд. Онҳо ба муҳиммот ниёз доранд.

Масъуд таъкид кард: ин ба қадри кофӣ сабаби дардисари Толибон аст албата на он қадаре, ки боиси сарнагунии онҳо шавад ё боис шавад то бар сари мизи музокира бинишинанд. Ин чизест, ки ҷаҳон бояд даркаш кунад.

Раҳбари дар табъиди Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ҳаргуна пешниҳод барои бозгашт ба Афғонистонро ба унвони бахше аз тарҳи илҳоқи муҷаддади мақомҳои собиқи Афғонистон, ки аз сӯи Толибон матраҳ шуда, рад карду афзуд: ин афроде, ки Афғонистонро тарк карда ба дунболи далоили ҷиддӣ ҳастанд. Онҳо барои усуле Афғонистонро тарк кардаанд. Агар Толибон эълом кард, ки интихоботро мепазирад он вақт ҳамагии мо метавонем ба хотири он чизе, ки мехоҳем, ба Афғонистон баргардем.

Вай гуфт: мо талош мекунем то ба ғарбиҳо бигӯем, ки шояд шумо ба масъалаи Украина машғӯл ва саргарм ҳастед, аммо мо ҳам бобати авзоъ дар Афғонистон ба тавваҷӯҳ ниёз дорем чун авзоъ дар кишвар мисли бомба соъатӣ аст.

Интихоботи охире, ки дар Афғонистон баргузор шуд ба дасти давлати мавриди ҳимояти Амрико буд, ки Толибон дар августи 2021 онро бо бозгашти муҷаддадаш ба Афғонистон сарнигун кард. Толибон камиссиони интихоботии ин кишварро дар декабри 2021 мунҳал кард.

Бисёре аз кишварҳои ғарбӣ давлати Толибон дар Афғонистонро ба сурати расмӣ ба расмият намешиносанд ва яке аз далоили онҳо рафтор бо занон дар Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад