Таркиши террористии маргбор дар Балучистони Покистон

Мақомоти маҳаллии Покистон ва расонаҳо аз таркиши маргбори террористӣ дар минтақаи Балучистон бо ҳадди ақал 52 нафар кушта хабар доданд.

Ба гузориши ТоҷикПресс, мақомоти маҳаллии вилояти Балучистони Покистон аз як ҳамлаи террористии марговар дар ин кишвар хабар доданд.

Тибқи гузоришҳо, ин ҳамла имрӯз ба як ҷамъомади мазҳабӣ дар робита ба мелоди Паёмбари Акрам (с) дар Покистон сурат гирифтааст.

Бархи расонаҳо талафоти ин ҳамларо ба ҳадди ақал 13 нафар кушта ва беш аз 50 нафар захмӣ гузориш кардаанд. Бархе расонаҳо ҳам ҳадди ақал 52 нафар кушта ва даҳҳо захмиро гузориш кардаанд.

То ҳол ҳеҷ гуруҳе масъулияти ҳамлаи террористии имрӯз ба вилояти Балучистони Покистонро бар уҳда нагирифтааст.Гуруҳи Толибони Покистон ҳаргуна дахолат дар ин ҳамларо рад карааст.

Ин минтақа собиқ шоҳиди чунин ҳамалоти террористие аз суи ниманизомиёни Исломгаро ва ҷудоиталаб будааст.

Мелоди Паёмбари Акрам (с) меҳвари уммати исломӣ ва ҳафтаи ваҳдати исломӣ, ҷашни шодии мусаломонон ба азо табдил ёбад чӣ касоне суд мебаранд?

Бархе коршиносон бар ин боваранд, ки рух додани чунин ламлаҳое, ки чашми мелоди Паёмбари Акрам (с)-ро бар ҳам мезанаду шодии мусалмононро ба азо табдил медиҳад, танҳо метавонад кори душманони дини Ислом бошад; Агарчи ин ҳамла дар зоҳир тавассути бархе гуруҳҳои ифротии исломӣ ба вуқуъ пайваста бошад.

Ҳатман душманони дини Ислом саҳнагардон, пушти парда ва нақшакаши ин куштори бераҳмона дар Покистон ҳастанд ва режими саҳюнистии муттаҳам радифи аввал мебошад.

Ҳар мусалмоне, ки даъвои мусалмонӣ дорад ва дар айни ҳол ба ваҳдати исломӣ осеб мезанад, муроди душманро иҷро карда ва ба дини Ислому мусалмонон хиёнат кардааст.

Қобили зикр аст, ки ахиран вазири умури хориҷаи муваққати Покистон тайи конфронсе эълон кард, ки кишвараш ҳеҷ барномае барои ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ ва оддисозии равобит бо ин режимро надорад.

Ҷалил Аббоси Ҷилонӣ, таъкид кард, ки Покистон дар бораи ба расмият шинохтани режими саҳюнистӣ аз ҳеҷ кишваре пайравӣ нахоҳад кард ва барои Покистон масъалаи Фаластин ва Кашмир яке мебошад.

Ҷилонӣ гуфт, фаластиниҳо бояд худ сарнавишташонро таъин кунанд. Роҳи ҳалли масъалаи Фаластин ташкили як кишвари мустақил буда ва Қудс бояд пойтахти Фаластин бошад.

Бархе коршиносон ҳамлаи террористии мазкурро бо мавзеи Покистон дар робита ба Фаластин ва мухолифати ин кишвар бо ҷараёни оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ дар иртибот медонанд.

Покистон

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад