Ҷашн ва шодии шаҳрвандони Нигер ба муносибати ихроҷи сафири Фаронса

Шаҳрвандони нигерӣ ба муносибати хурӯҷи сафири Фаронса бо ширкат дар як кансерти бузург дар пойтахти Нигер, ҳимояти худро аз низомиён эълом карданд.

Ба гузориши хабаргузории “Русия Ал-Явм”, ҳамзамон бо хурӯҷи сафири Фаронса аз Нигер, гурӯҳи музики “Ситораи Гумби” кансертеро дар пойтахти Нигер баргузор кард ва ҳазорон нафарро гирди ҳам овард то хурӯҷи сафири Фаронсаро ҷашн бигиранд. Ҳомиёни ин гурӯҳи мусиқӣ дар маркази Нигер ҳамчунин аз низомиён ва неруҳои артишие, ки ба қудрат расидаанд, ҳимоят карданд.

Ҳамзамон бо баргузори ин кансерт, ки ҳазорон нафар ба сурати роягон дар он ширкат карданд, саҳнае шӯррангез дар хиёбони Франкофонии шаҳри Ниями барпо шуд ва дар яке аз оҳангҳо, гурӯҳи мусиқӣ иборати «мо ба Чианӣ ниёз дорем» (раиси Шӯрои дифои миллӣ, Генерал Абдурраҳмон Чианӣ)-ро сар доданд ва тамошогарони нигерӣ низ ин иборатро борҳо ҳамхонӣ карданд.

Рӯзи чаҳоршанбе, вазорати умури хориҷаи Фаронса аз вуруди “Силвен Этти”, сафири Фаронса дар Нигер ба Париж хабар дода буд.

Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса низ якшанбе гузашта эълом карда буд, ки Париж сафири худ дар Ниями ва тамоми кормандони сафорат дар Нигерро аз ин кишвар хориҷ мекунад ва артиши Фаронса то поёни соли ҷорӣ Нигерро тарк хоҳад кард.

Ин таҳаввул дар ҳоле аст, ки сухангӯи Шӯрои низомии ҳоким бар Нигер эълом кард, ки Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо ҳамкории Фаронса аз ширкати намояндагони Нигер дар маҷмаъи умумии Созмони Милал ҷилавгирӣ кард.

Амадо Абдураҳмон, дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизионии “RTN” гуфт: дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо табонӣ бо Фаронса ва сарони кишварҳои маҷмаъи иқтисодии кишварҳои Ғарби Африқо (ECOWAS) бо мумониъати намояндаи Нигер аз ширкат дар ҳафтод ва ҳаштумин нишасти маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид, маъмурияти худро ба унвони дабири куллӣ анҷом надод.

Вай дар ин бора афзуд, ки аъзои низомии ҳоким бар Нигер қавиян ин тасмими дабири кулли Созмони Милали Муттаҳидро маҳкум мекунанд ва онро ба унвони мудохила дар умури дохилии Нигер медонанд.

Пас аз кудито, эҳсосоти зидди фаронсавӣ дар Нигер афзоиш ёфтааст. Эҳсосоти зидди фаронсавӣ бавежа пас аз инки Фаронса дастури Шӯрои низомии Нигерро барои хориҷ кардани сафири худро нодида гирифт, ташдид шудааст.

Дар ҷараёни эътирозот низ дар хориҷ аз пойгоҳи низомии Фаронса , мӯътаризон гулӯи як бузро, ки либоси ба ранги фаронсавӣ пӯшида буд, бариданд ва тобутҳоеро, ки бо парчами Фаронса пӯшонда шуда буд, ҳамл карданд ва сафе аз сарбозони Нигер ба он нигоҳ карданд. Бархе дигар тоблуҳоеро ҳамл мекарданд, ки аз Фаронса хоста буд, ки Нигерро тарк кунад. Хабарнигорони Рейтер гуфтанд, ки ин бузургтарин гирдиҳамоӣ алайҳи Фаронса аз замони кудито будааст, ки нишон медиҳад ҳимоят аз ҳукумати низомӣ – ва тамасхури Фаронса – ҳамчунон пурранг аст.

Неруҳои горди риёсати ҷумҳурии Нигер 26 июл Муҳаммад Базум, раисҷумҳури ин кишварро дар дохили кохи риёсати ҷумҳурӣ дар боздошт қарор доданд ва сипас ӯро аз мақомаш барканор карданд. Кудиточиёни Нигер рӯзи ҷумъа 28 июл, генерал Абдурраҳмон Чианиро ба унвони раиси Шӯрои интиқоли ин кишвар мансуб карданд.

Нигер бо 1.3 миллион километри мураббаъ масоҳат, паҳновартарин кишвар дар минтақаи Ғарби Африқо аст ва аксарияти ҷамъияти 24 миллион нафарии онро мусулмонон ташкил медиҳанд. Нигер ҳар чанд яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон аст, аммо аз бузургтарин захоири Урониум низ бархурдор аст. Ин кишвар то соли 1960 мустаъмираи Фаронса буд ва дар ин сол истиқлоли худро аз ин кишвар эълом кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад