Зеленский дар ҳоли барканор шудан аст

Як афсари бознишастаи иттилооти Амрико гуфт, ки ба далели шикастҳои паёпайи Украина дар майдони набард, мумкин аст Владимир Зеленский барканор шавад.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Скот Риттер” афсари бознишастаи созмони иттилооти марказии Амрико (CIA) гуфт, ки артиши Украина дар саҳнаи набарди шикаст хӯрда ва ояндаи сиёсии Владимир Зеленский раисҷумҳури ин кишвар комилан мубҳам аст.

Ӯ ба хабаргузории “Спутник” гуфт: «артиши Украина дар саҳнаи набард шикаст хӯрдааст ва саволи аслӣ ин нест, ки чӣ замоне артиши фурӯхоҳад пошид, ин иттифоқ дер ё зуд рух медиҳад; Саволи аслӣ ин аст, ки давлати Зеленский чӣ замоне суқут хоҳад кард».

Скот Риттер афзуд: «мумкин аст, ки Зеленский ба зудӣ аз қудрат азл шавад; Ҳудуди 400 ҳазор низомии украинӣ кушта шуда ва теъдоди зиёде аз силоҳҳои ғарбӣ мунҳадим шудааст».

Ӯ ду ҳафта пеш низ гуфта буд, ки кишварҳои ғарбӣ умеди худро ба муваффақиятомез будани зидди ҳамлаи артиши Украина аз даст додаанд ва талош доранд аз натоиҷи пирӯзии Русия дар Украина бикоҳанд.

Ин афсари собиқи CIA гуфта буд: «иттифоқи ҷадиде дар Ғарб рух додааст; Инки ҳама ба ин натиҷа расидаанд, ки наметавонанд аҳдофашонро муҳаққақ кунанд ва акнун дар ин фикр ҳастанд, ки чигуна авоқиби шикасти ҳатмии худро кам кунанд».

Эътирофи маҳофили ғарбӣ ба шикаст дар Украина мавзӯъи тозае нест, ҳатто дар таърихи 10 июл низ “Митю Милр” сухангӯи вазорати хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба шикасти Украина дар набарди бо Русия эътироф кард.

Митю Милр тасреҳ кард, ки набарди феълӣ дар Украина як «шикасти роҳбурдӣ» барои Украина будааст.

Бархе аз хабарнигорон дар ҷаласаи конфронси хабарӣ, гумон мекарданд, ки манзури Митю Милр, шикасти роҳбурдӣ барои Русия аст, аммо сухангӯи вазорати хориҷаи Амрико бори дигар ҷумлаи худро таъйид кард, ки манзури вай Украина будааст.

Эътироф ба шикаст дар ҳоле аст, ки аз ибтидои ҷанги Украина, кишварҳои ғарбӣ тамоми талоши худро ба кор бастаанд то монеъ аз шикасти Украина шуда ва ба заъми худ шикасти роҳбурдиро ба Русия таҳмил кунанд.

Амрико аз замони оғози даргириҳо дар Украина беш аз 43 миллиард доллар таслиҳот ба Украина ирсол карда, аммо давлати Байден барои бастаҳои кумакии бештар будҷа надорад. Байден аз Конгиресс хостааст то лоиҳаи ҳазинаи изтирории 40 миллиард доллариро тасвиб кунад, ки ними аз он ба Украина ихтисос хоҳад ёфт, аммо ин лоиҳа ба эҳтимоли қавӣ бо мухолифати шадиди шумори физояндаи ҷумҳурихоҳон мувоҷеҳ хоҳад шуд, ки мухолифи сиёсати чеки холии Ҷо Байден ҳастанд.

Амалиёти вижаи низомии Русия алайҳи режими Киев аз таърихи 24 феврали 2023 ва дар посух ба талошҳои Украина барои узвият дар НАТО ва ҳамалоти ин кишвар ба рус таборони сокини шарқи Украина оғоз шуд. Русия мегӯяд давлати Украина таҳти нуфузи тафаккуроти фашистӣ аст ва нозизудоӣ Украина ва пазириши бетарафи ин кишварро аз аҳдофи амалиёти вижаи низомии худ хондааст.

Давлати ғарбгарои Владимир Зеленский, аммо бо тарҳи ин иддао, ки ҳамлаи русҳо алайҳи кишвараш ба масобаи иқдом алайҳи кулли Аврупост, токунун садҳо миллиард доллар кумаки низомӣ аз кишварҳои ғарбӣ ҷалб кардааст. Кумакҳои Амрико ба Украина ба танҳоӣ аз рақами сад миллиард доллар фаротар рафта ва бархе аз пешрафтатарин таҷҳизоти НАТО роҳии маёдини набарди бо Русия шудаанд; Танкҳои Леопард ва сомонаҳои зидди ҳавоӣ Патриот аз ин ҷумла ҳастанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад