Таъкиди Раҳмон ва Раисӣ бар густариши ҳамкориҳо

Раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон бар густариши ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид карданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 78-уми Маҷмаи Умумии СММ дар шаҳри Ню-Йорки ИМА бо раисҷумҳури Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ мулоқот кард.
Дар мулоқот таҳкими минбаъдаи муносибатҳои Тоҷикистону Эрон ва масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ баррасӣ шуданд.
Ду роҳбар аз муколамаи созандаи сиёсӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, идомаи муваффақонаи робитаҳо, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёту транзит, сайёҳӣ, ҳамкории бисёрсамтаи минтақаҳо ва вилоятҳои ду давлат, афзоиши парвозҳо ва содда гардонидани рафтуомади мардумони ду мамлакатро зарур шумурданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохурӣ роҳбарони ду давлат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳодҳои он, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Созмони ҳамкории исломӣ баҳсу гуфтугӯ намуданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва ҷиноятҳои киберӣ, ки ба вазъи амниятии кишварҳо мушкилоти ҷиддӣ эҷод менамояд, табодули карданд.
Роҳбарони ду кишвар ба вазъи Афғонистон кишвари ҳамсоя низ таваҷҷуҳ карданд.
“Вобаста ба вазъи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистону Эрон ба ҳайси ҳамсояҳои наздиктарин ба барқарории сулҳу субот дар ин давлат беш аз дигарон манфиатдор мебошанд”. Раисони ҷумҳурии Эрону Тоҷикистон ҳамчунин бар баҳрагирӣ аз зарфияти Комиссиюни муштараки иқтисодӣ дар ҷиҳати афзоиши сатҳи таомулоти тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин иштирокгузории зарфиятҳо ва тавонмандиҳои ду кишвар таъкид карданд
Гуфта шудааст, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ гуфтугӯ карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад