Ал-Қоида, Фаронса ва Шветсияро таҳдид кард

Ле Фигаро рӯзи гузашта аз қавли баёнияи Ал-Қоида навишт, аъзои ин гуруҳ сафорати Фаронса ва сафорати Шветсияро ба ҳамла таҳдид кардаанд.

Ба гузориТоҷикПресс, Ле Фигаро, қадимитарин ва саршиностарин рӯзномаи субҳи фаронсавизабон навишт, Ал-Қоида дар шибҳи ҷазираи Араб тарҳҳои худро дар ҷадидтарин маҷаллааш мунташир кардааст.

Ал-Қоида дар шибҳи ҷазираи Араб ба беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия ишора карда, дар баёнияи худ навишт: акнун ошкор аст, ки Шветсия дар миёни дигар кишварҳои аврупоӣ раҳбарии ҷанг алайҳи Ислом ва мусалмононро интихоб кардааст ва барои ба чолиш кашидани Худо ва расалонаш, муқаддам бар Фаронса, Олмон ва дигарон меҷангад.

Ле Фигаро ҳамчунин навиштааст, ки Ал-Қоида дар шибҳи ҷазираи Араб масъули ҳамла алайҳи Charlie Hebdo дар 2015 Парижро бар уҳда дорад.

Ахиран вазири кишвари Фаронса нисбат ба афзоиши таҳдиди ҳамалот дар ин кишвар, ки дар хориҷ барномарезӣ шудаанд, ба далели ҳузури камтари неруҳои фаронсавӣ ва амрикоӣ дар манотиқи соҳил, Шом ва Афғонистон ҳушдор доду афзуд, мумкин аст ҳамалоти мушобеҳи ҳамалоти соли 2015 анҷом шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад