Ҷон бохтани дастикам 296 нафар бар асари заминларза дар Марокаш

Мақомоту расонаҳои Марокаш эълон карданд, ки бар асари заминларзаи шадид дар ин кишвар, садҳо нафар кушта ва захмӣ шуданд.

Вазорати кишвари Марокаш эълон кард, ки дар пайи вуқӯъи зилзила бо қудрати 6.8 балл (дар бархе гузоришҳо 7 балл) дар манотиқи ҷанубиғарбии ин кишвар, оморҳои аввалия нишон медиҳад дастикам 296 нафар ҷон бохтаанд. Бархе расонаҳо эълон карданд, ки шиддати ин зилзила дар шимоли Марокаш то ҷануби ин кишвар эҳсос шудааст.

Бинобар эълони Вазорати кишвари Марокаш ҳамчунин 153 нафар бо ҷароҳатҳои мухталиф маҷрӯҳ шуданд, ки барои дарёфти кумакҳои аввалияи зарурӣ ба бемористонҳо мунтақил шуданд.

Бомдоди имрӯз шанбе маркази ларзанигории Медитаронаи Аврупо эълон кард, ки заминларзае ба бузургии 6.9 балл дар Марокаш ба сабт расидааст. Ба гуфта ин марказ, маҳалли дақиқи ин заминларза дар 77 километрии ҷануби ғарбии Марокаш буда, ки 839 ҳазор нафар дар он зиндагӣ мекунанд. Маркази зилзила низ дар умқи 10 километрӣ қарор доштааст.

Муассисаи миллии геофизики Марокаш бузургии ин заминларзаро то 7 балл эълон кард. Телевизиони Марокаш низ гузориш дод, ки заминларзае ба бузургии 7 балл теъдоде аз манотиқ ва шаҳрҳоро ларзонд ва хисоратҳои моддӣ ба бор овард. Маркази ларзанигории Олмон низ заминларзаи Марокашро ба бузургии 7 балл эълон кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад