Стипендияи донишҷӯён дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ

Зиёдтарин стипендия барои донишҷӯён дар Туркманистон ва камтарини он дар Қирғизистон мебошад. Тоҷикистон дар кадом мавқеъ қарор дорад?

Дар соли нави таҳсили 2023 – 2024 донишҷӯёни давлатҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар стипендия ва ҳуқуқ мегиранд? Дар кадом давлат аз ҳама бештар ва дар кадом кишвар камтар аз ҳама ҳуқуқ дода мешавад?

Чор навъи стипендия дар Тоҷикистон

Аслан, стипендия ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо ба тариқи буҷавӣ ва дар шакли рӯзона таҳсил мекунанд. Бинобар иттилои Вазорати маориф ва илм, донишҷӯён асосан 4 навъи стипендия – президентӣ, олӣ, миёна ва қаноатбахш мегиранд.

Президентӣ – баландтарин стипендия дар Тоҷикистон аст ва маблағи он аз ҳисоби Фонди президенти Тоҷикистон ҷудо карда мешавад. Он ба донишҷӯёне дода мешавад, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд. Маблағи он 1130 сомонӣ (103 доллар) мебошад.

Олӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки нимсолаи таҳсилро бо баҳои аъло ҷамъбаст мекунанд ва маблағи он 448 сомонӣ (41 доллар) аст.

Миёна – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки нимсолаи таҳсилро бо баҳои хубу аъло ба анҷом расонидаанд. Маблағи он 324 сомонӣ (29 доллар) мебошад.

Қаноатбахш – донишҷӯёне мегиранд, ки нимсолаи таҳсил то 20 дарсад баҳои қаноатбахш доранд. Дар сурати ҷамъбасти пайиҳами ду нимсолаи таҳсил бо таҳои қаноатбахш, ин навъи стипендия дода намешавад. Маблағи он 120 сомонӣ (11 доллар) мебошад.

Ба донишҷӯёне, ки дар донишгоҳу донишкадаҳо тариқи шартнома таҳсил мекунанд ҳеч навъ стипендия дода намешавад.

Стипендияи номии Ӯзбекистон

Дар Ӯзбекистон донишҷӯён дар соли нави таҳсил се навъ стипендия мегиранд – президентӣ, асосӣ ва номӣ.

Президентӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки танҳо бо баҳои аъло таҳсил мекунанд. Маблағи он 2 191 541 сӯм (180 доллар) мебошад.

Асосӣ – ба донишҷӯёне дода мешавад, ки дар нимсолаи таҳсил камтар аз 30 дарсад баҳоҳояшон хубу қаноатбахш бошад. Маблағи он 621 456 сӯм (51 доллар) аст.

Номӣ – ба номи шахсиятҳои шинохта – Абӯрайҳони Берунӣ, Ибни Сино, Алишер Навоӣ, Улуғбек, Имом Бухорӣ, Бобур, Паҳлавон Маҳмуд, Тӯлепберген Қаипбергенов, Иброҳим Юсупов, Ислом Каримов ва Камолиддин Беҳзод аст. Он аз рӯйи ихтисосҳо ба донишҷӯёне дода мешавад, ки ӣо баҳои аъло таҳсил мекунанд ва то 25 дарсад баҳои хуб мегиранд. Маблағи он 1 461 28 сӯм (120 доллар) мебошад.

Стипендияи вижаи Қазоқистон

Дар Қазоқистон донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳо стипендия мегиранд.

Ба донишҷӯёни бахши омӯзгорӣ ва тиббӣ – 67 200 тенге (145 доллар) стипендия дода мешавад.

Барои донишҷӯёни соҳаи техника ва касбу ҳунар 32 681 тенге (70 доллар) стипендия медиҳанд.

Барои боқимондам донишҷӯёни мактабҳои олӣ 41 898 тенге (90 доллар) стипендия дода мешавад.

Стипендияи пасти донишҷӯён дар Қирғизистон

Дар Қирғизистон низоми стипендиядиҳӣ комилан дигар амал мекунад. Тибқи қарори Вазорати маориф ва илми ин кишвар барои донишҷӯёни аълохон 1600 сом (18 доллар) стипендия дода мешавад.

Аммо барои ҳавасманд кардани довталабон барои таҳсил дар ихтисосҳои омӯзгорӣ стипендияи бештар медиҳанд. Аз ҷумла, дар ин бахш, барои донишҷӯёни курси 1-ум 1000 сом (11 доллар), курси 2-юм 2000 сом (22 доллар), дар курси 3-юм 3000 сом (33 доллар) ва курси 4-ум 4000 сом (44 доллар) стипендия дода мешавад.

Дар Қирғизистон стипендияи президентӣ ба донишҷӯёни фаъол дар як сол як маротиба дода мешавад, ки 50 ҳазор сом (566 доллар) аст.

Қадри донишҷӯ дар Туркманистон

Туркманистон яке аз кишварҳои низомаш пӯшидатарини Осиёи Марказӣ аст ва пайдо кардани маълумот дар ҳар хусус душвор мебошад. Аз рӯи иттилои расонаҳо, ҳаҷми миёнаи стипендия барои донишҷӯёни донишгоҳҳои Туркманистон дар соли 2023 тақрибан 1 ҳазору 200 манат (343 доллар)-ро ташкил медиҳад.

Ин баландтарин стипендия дар Осиёи Марказӣ аст, аммо санҷиши ин далел тавассути сарчашмаҳои дигар ғайриимкон аст.

Стипендияе, ки Қирғизистон ба донишҷӯёнаш медиҳад, дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳама пасттарин мебошад.

Сарфу харҷи якмоҳаи донишҷӯёни тоҷик

Дар Тоҷикистон 39 донишгоҳу донишкада ва 70 коллеҷ фаъолият менамоянд ва ҳамасола беш аз 50 ҳазор нафар донишҷӯ мешаванд. Ҳаёти донишҷӯён ҷолиб ва боиси таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеа аст. Маълум нест, ки дар робита ба рӯзгори донишҷӯён дар кишвар тадқиқоти сотсиологӣ анҷом шудааст ё на. Вале дар асоси мушоҳидаҳо, сарфи якмоҳаи донишҷӯёни тоҷик ба шакли зер аст.

Шартнома

Ҳар мактаби олии кишвар бо мавқеъ ва талаботи худ нархномаи муайяни шартномаро барои як соли таҳсил тартиб додааст: баландтаринаш 16,5 ҳазор сомонӣ ва пасттаринаш 2,7 ҳазор сомонӣ. Агар ба ҳисоби миёна маблағи шартномаи донишҷӯйро 6 ҳазор сомонӣ маълум кунем, пас як донишҷӯй дар як моҳ 450 сомонӣ маблағи шартнома пардохт мекунад.

Хобгоҳи мушкилзо ва иҷораи гарон

Ҳама мактабҳои олӣ дар наздашон хобгоҳ бино кардаанд. Нархи яксолаи зиндагии донишҷӯён дар хобгоҳҳо фарқ мекунанд. Донишҷӯёни ДМТ барои як сол 700 сомонӣ пардохт мекунанд. Донишҷӯёни ДДФСТ барои як соли зиндагӣ дар хобгоҳ 720 сомонӣ ва донишҷӯёни ДДОТ 850 сомонӣ месупоранд.

Агар ба ҳисоби миёна 700 сомонии солонаи хобгоҳро ба 9 моҳ тақсим кунем, харчи донишҷӯй дар як моҳ каме зиёд 77 сомонӣ мешавад.

Дар ин баробар, донишҷӯён шароити хобгоҳро мувофиқи талаботи муосир намедонанд ва аз набудани обу лифт ва хунукиҳои зимистон шикоят доранд. Донишҷӯёни хобгоҳи №8-и ДМТ нигаронӣ мекунанд, ки бо фаро расидани мавсими сармо то ба ҳол дастгоҳҳои гармидиҳии ин бино фаъол нагардидааст ва бо вуҷуди соли аввали ба истифода додани хобгоҳ ва ду лифт доштани он, маъмурияти хобгоҳ ҳарду лифтро хомӯш кардаанд.

Бо ин вазъ, ҳоло донишҷӯён гирифтани хонаи иҷораро афзал медонанд. Ҳоло хонаи иҷора барои як донишҷӯ дар шаҳри Душанбе 250-300 сомонӣ, дар шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар ва Хоруғ аз 200 то 250 сомонӣ арзиш дорад.

Хӯрок

Аслан, сарфу харҷи донишҷӯён бо вазъи иқтисодии оила алоқамандӣ дорад. Ба таври маъмул, агар донишҷӯй аз минтақаҳо бошад, аз хона низ барояш маҳсулоти ғизои аввалия мефиристанд. Як қисмат дар ошхонаҳо хӯрок мехӯранд ва як қисмати дигар дар хона тановули ғизо менамоянд.

Донишҷӯён аксаран хӯрокро дар хона тановул мекунанд ва барои харидории маҳсулот дар як моҳ то 150 сомонӣ масраф менамоянд. Илова бар ин, як донишҷӯ ҳар моҳ ба ҳисоби миёна 15 маротиба дар берун хӯрок мехӯрад, ки дар маҷмӯъ, 300 сомонӣ (ба ҳисоби миёна хӯроки нисфирӯзӣ камаш 20 сомонӣ) сарф мешавад ва бо иловаи харидории маҳсулоти моҳона 450 сомониро ташкил медиҳад.

Он гурӯҳ донишҷӯёне, ки хӯрду хӯрокашон комилан дар берун аз хона аст, ба ҳисоби миёна дар як рӯз 60-70 сомонӣ ва дар як моҳ 2 ҳазор сомонӣ масраф мекунанд.

Нақлиёт

Донишҷӯён барои аз як нуқта ба нуқтаи дигар рафтан аксаран аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода мекунанд. Дар шаҳри Душанбе ҳоло нархи як сафар дар автобус ва тролейбус барои донишҷӯён 1 сомониву 20 дирам муқаррар гардидааст. Вале барои сафар бо маршруткаҳо ба таври маъмулӣ 2 сомониву 50 дирам талаб карда мешавад.

Хароҷоти ҳатмӣ ва иловагӣ

Масрафҳои дигари донишҷӯён харидани китобу дафтар ва дигар лавозимоти хониш аст. Барои ин ба ҳисоби миёна ҳар як донишҷӯ моҳе аз 30 то 50 сомонӣ харҷ мекунад.

Ҳамин тавр, имрӯз 95 фисади донишҷӯён аз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд. Барои хариди бастаҳои интернети якмоҳа донишҷӯён аз 80 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамоянд.

Ҳаёти донишҷӯйӣ давраи тиллоӣ аст ва дилхушиву сайругашт ройгон нест. Албатта, ин ҳам номунтазам ва барои ҳама гуногун аст. Аммо донишҷӯи оддӣ барои дилхушӣ ва сайру тамошо дар як моҳ камаш 200 сомонӣ сарф мекунад.

Хариди либосҳои мутобиқ ба мавсими сол низ аз зумраи дигар хароҷоти донишҷӯён ба ҳисоб меравад. Барои ин сарфу харҷи гуногун пешбинӣ мешавад, вале ба таври миёна назар афканем, барои ҳар донишҷӯ аз 200 то 300 сомонӣ дар ин маврид лозим мешавад.

Хулоса, дар асоси ҳисоби миёна, як донишҷӯй дар як моҳ 1,5 ҳазор сомонӣ сарф мекунад:

450 (Шартномаи якмоҳаи донишгоҳ) +77 (хобгоҳ барои як моҳ)+200 (хурду хӯрок)+150 (нақлиёт)+40 (лавозимоти хониш)+150 (маблағи интернет)+200 (истироҳат ва сайру гашт)+250 (либос) = ҳудуди 1520!

Ҳамин тавр, ба ҳисоби миёна як донишҷӯй барои роҳпулӣ дар як рӯз аз 6 то 10 сомонӣ ва дар як моҳ аз 90 то 200 сомонӣ маблағ сарф менамояд.

Манбаи даромад: стипендия, кор ва волидайн

Тавре маълум аст, донишҷӯён се намуди даромад доранд: стипендия, оила ва кор баъд аз таҳсил.

Стипендияи дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар боло гуфтем. Вале маълум гардид, ки ин стипендияҳо барои хароҷоти як ҳафтаи донишҷӯй кифоят намекунад. Манбаи “даромад”-и дигари донишҷӯй, албатта, оила аст. Дар ҳамин ҳол, донишҷӯёне низ кам нестанд, ки пас аз дарс ва гоҳо шабона кор мекунанд. Аз ин ҳисоб, даромади онҳо гуногун аст.

Албатта, ин хароҷот метавонад хеле кам карда шавад, агар донишҷӯй буҷавӣ таҳсил кунад, стипендия гирад, дар хобгоҳ зиндагӣ кунад, миқдори хӯроку нӯшокиҳоро кам кунад ва аз дилхушиву сайругашт даст кашад. Вале баръакс, метавонад зиёд сарф кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад