Боздошти модари “Дилшоди Красавчик” ба иттиҳоми авбошӣ

Кормандони УБОП, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, як муттаҳами асосӣ дар парвандаи Шуҳрат Исматуллоевро дастгир кардаанд.

Кормандони УБОП, Соҷида Саидмуродова, модари Дилшод Саидмуродов, (Дилшоди Красавчик) як муттаҳами асосӣ дар парвандаи Шуҳрат Исматуллоевро дастгир кардаанд.

Кормандони УБОП, раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Тоҷикистон рӯзи 30 августи соли 2023 Соҷида Саидмуродова, санаи таваллудаш 4 феврали соли 1959, модари Дилшод Саидмуродов, як муттаҳами асосӣ дар рабудан ва қатли бонкдори шинохтаи тоҷик Шуҳрат Исматуллоевро дастгир кардаанд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Соҷида Саидмуродоваро бо ҷурми … “майдаавбошӣ” ба ҳабс гирифтаанд. Маълум нест, ки ин зани 64-сола чӣ “майдаавбошӣ” кардааст? Аммо мақомоти Тоҷикистон бисёр вақт афродро то эълони айбномаи асосӣ бо иттиҳомоти дувумдараҷае, чун “майдаавбошӣ” ё “итоат накардан ба амри қонунии кормандони мақомот” дастгир мекунанд. Бар асоси Кодекси ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ барои чунин қонуншиканиҳо метавонанд шаҳрвандонро то 15 шабонарӯз ҳабс кунанд ва ин фурсат ба мақомот имкон медиҳад, ки гумонбаршавандаро дар ҳабс нигоҳ дошта, бо ӯ “кор кунанд”.

Дар ҳамин ҳол, Искандар Розиқов, ҳуқуқшинос ва боғпарвари шинохтаи тоҷик, масъули гуруҳи пурхонандаи “Ангур ва боғ” дар Фейсбук, рӯзи 4 сентябри соли 2023 хабар дод, ки Соҷида Саидмуродова ва адвокати хонаводаашон Парвиз Шариповро дар асл барои қаллобӣ дастгир кардаанд.
Искандар Розиқов асли моҷароро чунин нақл мекунад: “Бинои моро бо маслиҳати пешакӣ бо ҳамроҳии писараш Саидмуродов Дилшод, духтархолааш нотариуси давлатӣ Анварова Зарина, адвокати оилавиашон Шарипов Парвиз, дӯсти Саидмуродов Дилшод Дӯстов Бежан ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, аз тарафи нотариуси давлатӣ духтархолаашон Анварова Зарина ба номи Саидмуродова Соҷида мероси қалбакӣ карда, баъдан ба номи модари Дӯстов Бежан Сироҷова Ҳусноро хариду фурӯш карданд. Ана барои ҳамин ҷиноят Саидмуродова Сожида ва адвокаташон Шарипов Парвиз дар ҳабс мебошанд. Дӯстов Бежанро кай ҳабс мекарда бошанд?, номаълум. Мо ҷабрдида ҳисоб меравем. Дӯстов Бежан баъд аз гурехтани “Дилшоди СБ” биноро ба дигар кас фурӯхт. Худо медонад,ки ин биноро мо мегирифта бошем ё не? Чунки онҳо ҳоло ҳам пуштибон доранд”.

Розиқов шарҳ надодааст, ки сухан дар бораи кадом бино меравад?
Худи Дилшод Саидмуродов, ки бо лақабҳои “Дилшоди Красавчик” ва “Дилшоди СБ” маъруф аст, ахиран дар суҳбат бо яке аз раҳбарони оппозитсияи тоҷик хабар додааст, ки яке аз шарикони ӯ Акбар Ахмедовро дар аввали моҳи август дар пайи боздошти модараш дар Хуҷанд водор карданд, ки аз Русия ба Тоҷикистон баргардад ва худро ба мақомот таслим кунад. Акбар Ахмедов дар боздошт ба таври асроромез ҷон дод ва ӯро рӯзи 30 август дар як оромгоҳ дар Хуҷанд ба хок супурда, ба волидонаш таъкид кардаанд, ки дар бораи марги писарашон бо касе, бавижа бо хабарнигорон суҳбат накунанд.

“Дилшоди Красавчик” иддао кардааст, ки ҳарчанд Ахмедов тамоми чизеро, ки медонист, ба муфаттишон гуфт, боз ҳам ӯро чунон азобу шиканҷа додаанд, ки ӯ тоб наоварда, ҷон додааст. Тасдиқи иддаои шиканҷа шудани Акбар Ахмедов тавассути манобеи дигар имкон надорад, Мақомоти тафтишотӣ то кунун боздошту фавти Ахмедовро ягон шарҳ надодаанд.

Аммо ба назар мерасад, ки мақомот ҳоло аз айни шева, яъне тавассути боздошти модараш мехоҳанд Дилшод Саидмуродовро ҳам, ки мақомот маҳз ӯро роҳбари гуруҳи одамрабоён мешуморад, аз пинҳонгоҳаш берун ва барои ба Тоҷикистон баргаштану худро ба мақомот таслим кардан водор кунанд.

Боздошти модари “Дилшоди Красавчик” рӯзи 30 август, ҳамагӣ як рӯз баъди мулоқоти вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев дар Маскав сурат гирифт. Аз қабл гуфта мешуд, ки генерал Раҳимзода аз ҷумла барои баррасии масъалаи боздошту ба Тоҷикистон супурдани Дилшод Саидмуродов ба Маскав рафтааст. Колоколтсев дар мулоқот бо Раҳимзода дар бораи дар Русия боздошт кардани ду нафари муттаҳам дар куштори бонкдори тоҷик хабар дод, вале дар бораи Дилшод Саидмуродов чизе нагуфт. Маълум нест, ки оё Рамазон Раҳимзода аз ҳамтои русаш дар мавриди истирдоди “Дилшоди Красавчик” ягон ваъдае гирифтааст ё на? Вале боздошти модари “Красавчик” билофосила баъди бозгашти Раҳимзода аз Маскав баёнгари он аст, ки зоҳиран чунин ваъда ба даст наомадааст.

Дар ин масъала чанд мушкил вуҷуд дорад:

Дилшод Саидмуродов шаҳрвандии Русияро дорад ва тибқи қонунҳояш, Русия шаҳрвандонашро ба кишварҳои дигар намесупорад, балки дар қаламрави худаш муҳокима мекунад (ҳарчанд дар гузашта чанд ҳолати аввал аз шаҳрвандии Русия маҳрум кардану сипас ба Душанбе фиристодани афрод вуҷуд дошт, ки як намунаи барҷастааш истирдоди Иззат Амон аст).
Дилшод Саидмуродов дар Украина аз тарафи Русия меҷангид ва ҳоло, бино ба иттилои дарёфтӣ, дар як пойгоҳи зархаридон дар ҳудуди вилояти Донетск пинҳон шудааст. Ин минтақаҳоест, ки ҳарчанд Русия онҳоро қаламрави худ эълон кардааст, вале дар он сарзаминҳо ҳукми қонун ҳанӯз пурра вуҷуд надорад ва қонунҳои ҷанг ҳукмфармост.
Дилшод Саидмуродов, бино ба иттилои дарёфтӣ, аз як хонаводаи сарватманд ваё ба қавли дигар “серу пур” буд. Падари ӯ солҳои зиёд раҳбари корхонаи “Тоҷикнафт” буд, модараш Соҷида Саидмуродова низ дар гузашта мудири Фурӯшгоҳи марказии Душанбе (СУМ) буд. Шавҳари кунунии ӯ дар ВКД дар як мансаби баланд кор мекунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад