Ҳар рӯзи ҷанг 100 миллион доллар ҳазина дорад

Вазири дифои барканор шудаи Украина, ки имрӯз расман истеъфояшро тақдими порлумони ин кишвар кард гуфт, ки ҳар як рӯз аз ҷанг дар Украина баробари 100 миллион доллар ҳазина дорад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Алексей Резников тайи мусоҳибае гуфт: ҳар як рӯз ҷанг муодили 100 миллион доллари Амрико ҳазина мешавад. Ҳол буҷети ҳаммаи сармояҳои довталабона ва манобеи молии хушному муътабарро дар назар бигиред ва бубинед чиқадар ҷамъ мекунанд ва пас аз он кишвареро дар назар бигиред, ки рӯзона 100 миллион доллар ҳазина мекунад. Танҳо дар борааш фикр кунед.

Вай афзуд: бино бар ин беинсофӣ аст агар ба кишвар, давлат, порлумон, артиш ва раисҷумҳур бигӯед ва иддао кунед, ки ҳамаи ин буҷети ҷанг аз сӯи довталабон таъмин мешавад. Ин дуруст нест.

Резников дар идома бо ишора ба гузоришҳое дар бораи фасодҳои молӣ дар Вазорати дифои Украина таъкид кард: ин иқдом тавассути шаҳрвандони украинӣ сурат мегирад онҳое, ки кор мекунанд ва молиёт медиҳанд. Ин молиётҳо ба ин буҷет ихтисос меёбад ва сипас ба артиш мунтақил мешаванд.

Вай дар поён гуфт: имрӯза артиш бузургтарин масрафкунандаи ин сармояҳост; сармояҳое, ки барои ҳифзи кишвар дар заминаи зерсохтҳо, бозсозии муҷаддад, ҳимоят аз ҷомеаи осебпазир ниёз аст. Дар натиҷа, шумо бояд кор кунед ва молиёт бипардозед. Тиҷоратҳо бояд фаъол бошанд ва аз соҳибкорон ҳимоят кунанд. Ба ҳар тараф, ки нигоҳ кунед, ҳама фосид ҳастанд, ҳеҷ инсони шоистае дар ҷаҳон вуҷуд надорад.

Тибқи гузориши Ройтерс, Вазорати дифои Украина имрӯз эълон кард, ки Алексей Резников истеъфои худро ба раиси порлумон ирсол кардааст ва пеш аз ин Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина аз интихоби Рустам Умеров, раиси Сандӯқи давлатии ин кишвар ба унвони гузинаи ҷонишинии Резников хабар дода буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад