Афзоиши воридоти коло аз Гурҷистон ба Тоҷикистон

Гардиши молу коло миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст.

Гардиши молу коло миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст.

Ба гузориши манбаъ:

Дар моҳҳои январ-июли соли равон тавассути роҳи автомобилгард аз Гурҷистон ба Тоҷикистон ба маблағи 20 миллиону 884 ҳазор доллар коло ворид шудааст.

Дар ин бора хабаргузории Trend дар истинод ба Идораи омори Гурҷистон (Geostat) хабар додааст.

Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар давраи ҳисоботӣ Тоҷикистон воридоти худро аз Гурҷистон тавассути роҳи оҳан низ афзоиш додааст.

Манбаъ қайд кардааст:

“Ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути роҳи оҳан 994 ҳазору 230 долларро ташкил дод, ки нисбат ба натиҷаҳои моҳҳои январ-июли соли 2022 (405,5 ҳазор доллар) 2,4 маротиба зиёд аст”.

Дар ҳамин ҳол, воридот ба Тоҷикистон аз Гурҷистон тавассути ҳавопаймо 255 ҳазору 150 долларро ташкил дод, ки нисбат ба моҳҳои соли гузашта (309 ҳазор доллар) 17,4 дарсад камтар аст.

Қобили зикр аст, ки гардиши мол миёни Гурҷистон ва Тоҷикистон дар давраи аз январ то моҳи июли соли равон 22,1 млн долларро ташкил додааст. Ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (7,8 млн доллар) 81% афзоишро нишон медиҳад.

Дар ин муддат тавозуни тиҷории Гурҷистон бо Тоҷикистон наздик ба 23 млн долларро ташкил додааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Аз аввали соли 2022 содироти мошинҳо аз Гурҷистон ба Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 беш аз 61% афзоиш ёфтааст.

Ин омор аз маълумоти Идораи миллии омори Гурҷистон оварда шудааст.

Ҳамин тариқ, дар давраи аз январ то сентябр ҳаҷми реэкспорт 8 миллиону 700 ҳазор долларро ташкил дод. Ин дар ҳоле ки як сол қабл ин рақам ба 5 миллиону 400 ҳазор доллар баробар буд.

Дар давоми нуҳ моҳ ба Точикистон 1470 мошин ворид шудааст. Ба Тоҷикистон асосан мошинҳои истифодашуда ворид мекунанд. Қаблан мошинҳо асосан аз Аврупо ва Кореяи Ҷанубӣ ворид мешуданд.

Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳудуди 130 адад мошинҳои барқӣ ворид карда буд.

Бар хабари Хадамоти гумруки кишвар, ҳаҷми воридоти ин навъ худравҳо 3 миллиону 400 ҳазор долларро ташкил додааст.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад