Бозгушоии бозорҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон (15 акс)

 Бо дастури Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти бозорҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон аз сар гирифта шуд.

Бар асоси иттилоияи устондории Бадахшони Тоҷикистон аз 2 сентябр фаъолияти бозорҳои марзии Тоҷикистон ва Афғонистон дар шаҳри “Хоруғ” ва ноҳияҳои “Дарвоз”, “Ванҷ” ва “Ишкошим” аз сар гирифта шуд.

Алишер Мирзонабот, устондори Бадахшони Тоҷикистон аз бозори марзии минтақаи “Тим” боздид карда ва дар хусуси фароҳам кардани шароити муносиб барои рафъи ниёзҳои муштариён бо тоҷирон ва масъулини ҳар ду ҷониб сӯҳбат кард.

Гуфта шуд, ки азсаргирии фаъолияти бозорҳои марзӣ ба тавсеаи мубодилоти коло байни Тоҷикистон ва Афғонистон ва эҷоди фурсатҳои ҷадиди шуғлӣ кумак хоҳад кард.

Шарифхон Сафарзода, муовини аввали устондори Бадахшони Тоҷикистон ва соири масъулини маҳаллӣ низ бо меҳмонони Афғонистони дидор карда ва бо шароити мавҷуд дар бозорҳои марзӣ ошно шуданд.

Масъулин ва тоҷирони Афғонистони бо истиқбол аз ин иқдом, барои тавсеаи таомулоти тиҷорӣ байни ду кишвари ҳамсоя эъломи омодагӣ карданд.

Шоёни зикр аст, ки пас аз ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бозорҳои марзӣ байни ду кишвар таътил шуда буд, ки азсаргирии фаъолияти онҳо метавонад ба унвони гоми ҳусни ният дар масири беҳбуди равобити Душанбе ва Кобул арзёбӣ шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад