Изҳори нигаронии Шӯрои Амният аз фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид зимни ибрози нигаронӣ аз фаъолияти ДИИШ дар Афғонистон таъкид кард ин гуруҳи террористӣ барои минтақаи ҳам хатарнок аст.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид эълон кард: фаъолияти шохаи Хуросони гуруҳи террористии ДИИШ дар Афғонистони нигарон кунандааст.

Бар асоси баёнияи ин шӯро, теъдоди ҷангҷуёни ДИИШ ва аъзои хонаводаи онҳо дар Афғонистони байни 4 то 6 ҳазор нафар баровард мешавад.

Гузориш меафзояд: ин арқоми мунташир шуда аз сӯи Шӯрои Амният дар муқоиса бо оморҳои гузашта афзоишро нишон медиҳад.

Пеш аз ин дар бархе гузоришҳо, шумори аъзои ДИИШ ва хонаводаҳои онҳо дар Афғонистон 3500 нафар баровард шуда буд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид таъкид кард: гуруҳи террористии ДИИШ илова бар Афғонистон барои соири кишварҳои минтақа ва фаротар аз марзҳои Афғонистон низ хатарнок аст.

Маргбортарин ҳамлаи ин гуруҳи террористӣ дар кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар 30 июли соли ҷорӣ сурат гирифт, ки гирдиҳамоии интихоботии “Ҳизби ҷамъияти уламои Ислом” дар Покистонро ҳадаф қарор дод.

Дар ин ҳамла дастикам 63 нафар кушта ва беш аз 100 нафари дигар захмӣ шуданд.

Шохаи Хуросони ДИИШ дар моҳи январи соли 2015 ҳузураш дар Афғонистонро эълон кард.

Ин гуруҳи террористӣ масъулияти инфиҷори ҳафтаи гузашта дар минтақаи “Дороломон”-и Кобулро низ бар уҳда гирифт.

Дар гузориши Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид омадааст бояд кишварҳо ташвиқ шаванд ва иҷоза надиҳанд Афғонистон ба лонаи терроризм табдил шавад. Ҳамчунин ҳукумати кунунии Кобул низ бояд ба тааҳҳудоташ барои саркӯби ДИИШ мутааҳҳид бошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад