Саида Мирзиёева ёрдамчии президенти падар шуд

Шавкат Мирзиёев бо имзои фармоне ба духтараш Саида Мирзиёева мансаби калон додааст.

Шавкат Мирзиёев бо имзои фармоне ба духтараш Саида Мирзиёева мансаби калон додааст.

Шавкат Мирзиёев, ррезиденти Ӯзбекистон бо имзои чанд фармон сохтори маъмурияти президентро куллан тағйир дод. Бар асоси фармонҳои президент, тавре сухангӯи Мирзиёев Шерзод Асадов хабар дод, духтари калонии президент Саида Мирзиёеваи 38-сола ва ҳамчунин Азиз Маърупов ёрдамчиёни президент таъйин гардида, Равшан Ғуломов, Алишер Султонов, Шҳрат Ғаниев, Музаффар Комилов, Ғафурҷон Мирзоев, Дониёр Қодиров ба мақоми мушовирони президенти Ӯзбекистон таъйин шудаанд.

Ба ин тартиб, тибқи сохтори нав, Саида Мирзиёева амалан дар маъмурияти президенти Ӯзбекистон баъди падараш  роҳбари дуюм мешавад.

Бо фармонҳои Мирзиёев аз 25 август ҳамчунин Шерзод Асадов мақоми сухангӯи президентро ҳифз карда, Алламҷонов Комил, Абдураҳмонов Одил, Қуръонбоев Қаҳрамон, Пайғомов Алишербек, Абдураҳимов Нодирҷон, Қодиров Ӯткирҷон  раҳбарони департаментҳои маъмурияти президенти Ӯзбекистон таъйин гардида, Қурбонов Ӯлуғбек – раҳбари бахши протоколи президент ва Саидкаримов Саидлазиз – сардори Нозироти тафтишотӣ дар маъмурияти президенти Ӯзбекистон таъйин карда шуданд.

Дар миёни ин таъйинот як таъйиноти калидӣ ин ба мақоми раҳбари Департаменти иттилооти дастгоҳи президенти Ӯзбекистон расидани Комил Алламҷонов аст, ки амалан ӯро ба мақоми сеюм дар ин ниҳоди муҳими тасмимгир табдил медиҳад. Алламҷонов – сухангӯи собиқи Шавкат Мирзиёев ва аз ёрони наздики духтари калонии ӯ Саида Мирзиёева ба шумор рафта, дар гузашта низ ҳарду ҳамроҳ дар маъмурияти президент кор мекарданд ва ҳарду якҷо тарки кори давлатӣ карда, чандин сол дар бахши ғайридавлатӣ дар Агентии иттилоот ва иртибототи оммавӣ ва Бунёди матбуот якҷо фаъолият доштанд ва соли 2022 боз ҳам якҷо ба кори давлатӣ ба маъмурияти президент баргаштанд.

Акнун, ба назари таҳлилгарон, аҳамият ва нуфузи ин тандем дар сохтори нави маъмурияти президент дар пайи ба мақомҳои баландтар расидани ҳарду хеле болотар меравад.

Саида Мирзиёева ва Комил Алламҷонов

Нозирон боло бурдани мақому нуфузи духтари калонии президенти Ӯзбекистонро як навъ пайравӣ ба таҷрибаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон талаққӣ мекунанд, ки ҳанӯз соли 2016, вақте ки Мирзиёев ҳанӯз ҳатто президент набуд, духтари дуюмаш Озода Раҳмонро раҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент таъйин кард.

Бархе нозирон Саида Мирзиёеваро, ки дар байни фарзандони Шавкат Мирзиёев дар умури давлатӣ аз ҳама фаъол ба назар мерасад, ҳамчун вориси эҳтимолии курсии падараш арзёбӣ мекунанд. Бавижа дар пасманзари расиданаш ба мақоми раҳбари дастгоҳи президент.

Шавкат Мирзиёев, ки 66 сол дорад ва волидонаш дар нимаи дуюми асри 20 аз деҳаи Яқтони ноҳияи Ғончӣ (ҳоло Деваштич) дар шимоли Тоҷикистон ба ноҳияи Зомини вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон муҳоҷир шудаанд, ҳамагӣ ду моҳ пеш бори сеюм президенти Ӯзбекистон интихоб шуд. Барои ин дар Ӯзбекистон Қонуни асосиро, ки президентии як нафарро танҳо бо ду давра маҳдуд мекард, иваз карданд.

Шавкат Мирзиёев соли 2016, баъди марги президенти қаблии Ӯзбекистон Ислом Каримов ба қудрат расид. Ба фарқ аз Каримов, ки бо сиёсати шадиди саркӯбгаронааш дар дохил ном бароварда буд ва муносибатҳои Ӯзбекистон бо қариб ҳамаи ҳамсояҳояш дар минтақа, аз ҷумла бо Тоҷикистон, дар даврони ӯ хеле бад шуда буд, Мирзиёев сиёсати нарм ва роҳи ислоҳотро пеш гирифт. Ҳукумати ӯ саркӯби дигарандешонро хеле кам карда, бисёре аз ҳомиёни ҳуқуқ ва фаъолони зиндонишударо озод кард ва Тошканд  муносибатҳояшро бо ҳамаи ҳамсояҳо, аз ҷумла бо Тоҷикистон хуб карда, марзҳояшро ба рӯи мардум кушод ва раводидро бекор кард. Барои ин Мирзиёевро “Горбачёви Осиёи Марказӣ” низ ном мебаранд. Аммо дар айни замон мунтақидон Мирзиёевро ба ҳифзи режими худкома ва  хешутаборгароӣ дар сиёсати кадриаш айбдор мекунанд ва таъйин кардани духтару домодҳои Мирзиёев ба мансабҳои ҳалкунандаи калидиро як намунаи барҷастаи ин мешуморанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад