Таъкиди Тоҷикистону Эрон ба густариши ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажӯҳишӣ

Мақомоти Тоҷикистону Эрон ба рушду густариши ҳамкориҳои омӯзишӣ ва пажуҳишӣ таъкид карданд.

Раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон роҳкорҳои рушди ҳамкориҳои муштараки дармониро баррасӣ карданд.

Ахиран гуфтугӯи маҷозии муовини вазири тандурустии Тоҷикистон ва раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз сурат гирифт. Дар ин нишасти маҷозӣ, ки бо ҳузури раиси донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва муовини вазири тандурустии Тоҷикистон баргузор шуд, тарафайн дар хусуси рушди ҳамкориҳои муштарак дар бахши омузиш, беҳдошт ва дармон табодули назар карданд.

Ҳамчунин дар ин нишаст муқарар шуд, бо ташкили коргурӯҳи ҳамкории дуҷониба байни муовинати байналмилалии донишгоҳи улумпизишкии Шероз ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон нисбат ба густариши ҳамкориҳои омузишӣ ва пажуҳишӣ ба сурати амалиётӣ ҳамоҳангиҳои лозим анҷом шавад.

Раисони марозики бузурги дармонӣ ва раиси донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар Тоҷикистон аз дигар суханронони ин нишасти маҷозӣ буданд, ки тамоюли худро барои густариши беш аз пеши ҳамкориҳои омузишӣ, беҳдоштӣ ва дармонӣ ба донишгоҳи улумпизишкии Шероз эълон карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад