Мавқеъияти Амрико бо ирсоли ҷангандаҳои F-16 ба Украина

Як сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Амрико эълон кард, ки Вашингтон бо ирсоли ҷангандаҳои F-16 аз сӯйи ду кишвари узви НАТО яъне Дания ва Нидерландия ба Украина мувофиқат карда ва ин кор пас аз такмили раванди омӯзиши халабонони украинӣ барои истифо аз ин ҷангандаҳо сурат мегирад. Ин сухангӯ гӯфт: “Украина бо кумаки инҳо метавонад ҳадди аксари баҳраро аз тавоноиҳои тозааш бибарад”.

Украина, ки аз соли қабл барои дарёфти ин ҷангандаҳо фишор меовард, ин тасмимро сутуд. Олексий Резников вазири дифоъ, тасмими Амрикоро “хабари олӣ” тавсиф кард. Аммо интизор меравад моҳҳо тӯл бикашад то Украина барои муқобила бо бартарии ҳавоии Русия аз ин ҷангандаҳо истифода кунад. Пештар сухангӯи неруи ҳавоии Украина, изъон кард, ки Киев қодир ба амалиёти бо F-16 дар тирамоҳ ё зимистони оянда нахоҳад буд.

Вазири умури хориҷаи Нидерландия дар ин бора эълон кард, ки ин кишвар аз тасмими Вашингтон барои ҳамвор кардани масири ирсоли ҷангандаҳои F-16 ба Украина истиқбол мекунад. Вай гуфт, ки ин гоми умдае барои Украина аст то аз мардум ва кишвари хӯд дифоъ кунад .Вазорати дифоъи Дания рӯзи ҷумъа эълон кард эътилофи муташакил аз 11 кишвар омӯзиши халабонони Украиниро барои парвоз бо ҷангандаҳои F-16 авохири моҳи ҷорӣ дар Дания оғоз хоҳад кард. Вазири дифоъи Дания, гуфт: “Давлат чандинбор гуфтааст, ки аттои (ин ҳавопаймоҳо) гоми табии баъди дар пай аз омӯзиш хоҳад буд. Мо машғули баҳс дар бораи он бо муттаҳидони наздики худ ҳастем”.

Чароғи сабзи Вашингтон дар бораи эҳдои ҷангандаҳои F-16 ба Украина дар ҳоле аст. ки Амрико ва муттаҳидони он дар НАТО бештар таҳвили ин ҳавопаймоҳо ба Украинаро рад карда буданд. Ин кишварҳо муддаи буданд, ки ин иқдом метавонад ба шӯълавартар шудани ҷанг бо Русия, ки муҷаҳаз ба силоҳи ҳастаӣ аст мунҷар шавад. Акнун Иёлоти Муттаҳида бо мувофиқат бо ирсоли ҷангандаҳои F-16 ба Украина гоми дигаре барои тадоввум ва густариши доманаи ҷанги Украина бардоштааст. Рузноманигор амрикоӣ дар мақолае ба се талоши ҷудогона барои музокираи байни Русия ва Украина ишора карда, ки дар он ду тавраф имтиёзоти маъқули доданд ва ҳатто яке аз ин музокирот (дар Истанбул) ба имзои як роҳи ҳали сулҳи байни ду тараф наздик шуда буд, аммо Амрико ин се музокиротро мутавақиф кард.

Аз дидгоҳи давлаи Бойден, пирӯзии Русия дар ҷанги Украина он ҳам дар муҷовирати НАТО ба маънои беэътибори ин Созмони низомӣ ва густариши ҳарчӣ бештари нуфуз ва қудрати минтақаӣ ва байнамиллалии Русия хоҳад шуд ва муъодилоти амниятӣ ва низомӣ ва сиёсиро дар Аврупо ба зарари Ғарб тағири хоҳад дод. Ҳамчунин Ҷу Бойден раисиҷумҳӯри Амрико мақомоти аршади низомӣ ва амнияти ӯ муътақиданд, ки ҷанги Украина фурсати беҳамто ва ғайри қобили такрор барои зиддияти ҳарчӣ бештар алайҳи Русия ва тазъифи он дар ниҳоди ҷилавгирӣ аз шакргирии комили низоми чанд қутбии фароҳам овардааст. Лизо онҳо ба истилоҳ азми худро ҷазм кардаанд то ба ҳар қимате аз пирӯзии Русия дар ҷанги Украина ҷилавгирӣ намоянд. Талоши Амрико барои тадовуми ҷанги украина,ки бо ҳадфм маҳор ва тазъифи Русия сурат мегирад дар ҳоле аст, ки оморҳои ҳулноке аз талафоти инсонӣ дар ҷанги Украина мунташир шудааст. Рӯзномаи амрикоии The New York Times гузориш додааст, ки дар 18 моҳи гузашта яъне аз ибтидои ҷанги Украина дар 24-уми феврали 2022 то кунун наздик ба ним миллион нафар низомиёни Русия ва Украина дар ҷанг кӯшта ё захмӣ шудаанд.

Аз дидгоҳи Маскав ҳадафи Амрико аз тадовуми ҷанги Украина тазъифи ҳарчӣ бештари Русия бо ҳадафи ниҳоии таҷзияи он аст. Ин масъалае аст, ки аз давраи Шӯрави амрикоиҳо ба дунболи он будаанд. Бадин тартиб интизор меравад, ки ҷанги Украина, ки акнун 18 моҳ аст, ки худ сабаби талафоти азими инсонӣ ва хисороти низомии густарда ва ҳамчунин нобудии зерсохтҳои Украина шудааст натанҳо поён наёбад балки бо таваҷҷӯҳ бо пушгармии Зеленский раисиҷумҳӯри Украина ба ҳимоятҳои густардаи Амрико ва дигар кишварҳои ғарбие, ки дар ҷараёни нишасти ахири сарони НАТО дар Литва эълом шуд дар моҳҳои оянда низ ҳамчунон бо шиддат идома пайдо кунад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад