Афзоиши ҳаҷми содироти Тоҷикистон ба Русия дар соли 2023

Тибқи додаҳои ниҳодҳои омории кишварҳо содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия дар нимаи аввали соли 2023 ба 84,2 миллион доллар расид.

Тибқи додаҳои ниҳодҳои омории кишварҳо содироти коло аз Тоҷикистон ба Русия дар нимаи аввали соли 2023 ба 84,2 миллион доллар расид.

Ба гузориши манбаъ:

Тоҷикистон ҳаҷми содирот ба Русияро афзоиш дод.

Дар ин бора таҳлили нишондиҳандаҳои идораҳои омори ду кишвар шаҳодат медиҳад.

Қайд карда мешавад, ки ҷумҳурӣ содироти маҳсулотро 1,9 баробар зиёд кард. Ҳоло муомилоти мол байни давлатҳо ба 84,2 миллион доллар мерасад.

Илова бар ин, ба сегонаи аввал Арманистон ва Озарбойҷон шомиланд, ки афзоиши содирот мутаносибан то 1,7 миллиард доллар ва 621,1 миллион долларро ташкил додааст.

Ҳамин тариқ, аз таҳлили маълумоти РИА “Новости” бармеояд, ки содироти коло аз кишварҳои дӯсти ҳамсоя ба Русия дар нимсолаи аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 1,5 баробар афзоиш ёфтааст.

Тадқиқот дар асоси маълумоти идораҳои миллии омори давлатҳои кишварҳои ҳамсоя, ба истиснои кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо гузаронида шудааст.

Аммо Беларус, Туркманистон ва Молдова нишондиҳандаҳои дахлдорро барои нимаи моҳи август ифшо накардаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Тоҷикистон қасд дорад содироти маҳсулоти худро ба устони Свердловски Русия се баробар афзоиш диҳад.

Яқубҷон Умаров муовини аввали Шӯрои машваратии сарконсулгарии Тоҷикистон дар  Екатеринбург дар инбора гуфт: Тоҷикистон қасд дорад то соли 2023 содироти маҳсулоти худро ба минтақаи  Свердловски Русия се баробар афзоиш диҳад.

Пеш аз ин низ ҳайати Тоҷикистон ба раёсатии мудири ожонси содироти Тоҷикистон аз Екатеринбург дидан карда буд.

Дар ин сафар пешнависи қарордоди содироти мева ва тарабори устони Хатлон ба Русия мунақид шуд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад