Камбуди ҳудуди 400 омӯзгор дар ВМКБ

Айни ҳол барои пур кардани ҷойҳои холӣ дар макотиби ВМКБ омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон фаъолият доранд.

Айни ҳол барои пур кардани ҷойҳои холӣ дар макотиби ВМКБ омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон фаъолият доранд.

Ба гузориши манбаъ:

Масъулини маориф ҳисоб кардаанд, ки дар миқёси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 389 омӯзгор намерасад.

Ба иттилои мақомоти маорифи вилоят, барои пур кардани ҷойҳои холӣ омӯзгорони ғайриихтисоси фаннӣ, ғайрипедагогӣ ва нафақахӯрон ба фаъолият ҷалб гардидаанд.

Норасоии кадрҳо аз ҷумла дар мулоқоти ахири президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон дар ВМКБ баррасӣ шуда, роҳбари давлат бартараф намудани норасоии кадрҳои омӯзгорӣ андешидани тадбирҳои фаврӣ ва мушаххасро талаб намуд.

Мақомот мегӯянд, айни ҳол дар ноҳияи Ишкошим 87 нафар, Дарвоз 64, Роштқалъа 58, Шуғнон 49, Мурғоб 47, Рӯшон 41, шаҳри Хоруғ 2 ва Ванҷ 15 нафар омӯзгорони ғайриихтисос ва нафақахӯр фаъолият доранд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран изҳор дошт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ 39 ҳазор нафар ҷавонони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, аз ҷумла 3200 нафар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии хориҷи кишварро хатм намудаанд.

Ӯ афзуд, аз соли 1997 то соли 2023-юм наздики 3,6 ҳазор хатмкардагони мактабҳои вилоят, аз ҷумла 1901 духтар ва 1694 писар ба ихтисосу равияҳои омӯзгорӣ, тиббӣ, фарҳанг, варзиш, энергетика, техникаву технология ва кишоварзии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар тибқи квотаи президентӣ дохил шудаанд.

Ҳоло 653 нафар ҷавонони вилоят дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат бо квотаи президентӣ таҳсил карда истодаанд, изҳор дошат буд Раҳмон.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Норасоии муаллимон дар мактабҳо тибқи гуфтаи мақомот нигаронкунанда аст.

Бо вуҷуди ваъдаи имтиёзҳо, аз ҷумла ваъдаи додани замини наздиҳавлигӣ хоҳишмандони кор дар мактабҳоро бештар накардааст. Коршиносон чанд сабаби тарки мактаб кардани муаллимонро номбар мекунанд ва мегӯянд беҳбуди вазъ дар чанд соли оянда баъид аст. Идомаи матлаб дар …  

Ҳамчунин дар хабарҳо омада буд:

Мутахассисон дар Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки дар соли 2022 теъдоди омӯзгорони ботаҷриба ва соҳиби унвон дар донишгоҳҳои кишвар ҳазор нафар кам шудааст.

Агар дар гузашта як номзади илм ба 16 донишҷӯ рост меомад, ҳоло ба 42 донишҷӯ як номзади илм рост меояд. Мақомот вазъро ба бознишаста шудани устодони 63-сола рабт медиҳанд. Дигарон аз бисёр шудани устодони камтаҷриба ва таъсири он ба бахши таълим нигаронанд. Идомаи матлаб дар …  

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад