Аввалин ҷарроҳии бемории саратон дар Душанбе

Барои аввалин бор дар кишвар ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он анҷом шуд.

Барои аввалин бор дар кишвар ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он анҷом шуд.

Соли равон маротибаи аввал аз ҷониби устоди Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон ҷарроҳии стентмонии даруннигарии узвҳои ҳозима дар мавриди саратони сурхрӯда бо оризаи тангшавии он гузаронида шуд.

Зарина Ибодзода, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии кишвар, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки усули ташхис ва амалиёти даруннигарии ретроградии холесисто-панкреатографӣ ҳангоми бемориҳои санги роҳҳои талхагузар ва тангшавии он низ аз ҷониби устодони ин донишкада бо муваффақият гузаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар соли равон аз тарафи омӯзгорони донишкада 3 намуди иловаҳои фаъоли биологӣ коркард шуд: малҳами Маклюфер (шираи камол ва маклюфер), қиёми Псоралея (барои касалиҳои пӯст) аз растаниҳои табиати мамлакат.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад