Содироти беш аз 300 млн долларии Хуҷанд ба 45 кишвари ҷаҳон

Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд корхонаҳои шаҳр ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд мегӯянд корхонаҳои шаҳр ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд.

Ба гузориши манбаъ:

Мақомоти шаҳри Хуҷанд дар ин бора ҳангоми мулоқот бо ҳайати маъмурияти шаҳри Сиани Чин хабар доданд.

Мақомоти шаҳри Хуҷанд иттилоъ додааст, ки шаҳр яке аз марказҳои бузурги саноатии Тоҷикистон мебошад ва дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузорад.

Шаҳрдорӣ қайд кард:

“Дар шаҳр зиёда аз 245 корхонаи саноатӣ ва 1400 корхонаи хурд фаъолият намуда, зиёда аз 10 ҳазор нафар ба соҳибкорӣ машғул мебошанд”.

Ҳамзамон зикр карда шуд, ки сол то сол ҳаҷми муомилоти мол бо мамлакатҳои дигар меафзояд.

Шаҳрдорӣ Хуҷанд таъкид кардааст:

“Корхонаҳои шаҳри Хуҷанд ҳамасола бо 45 мамлакати ҷаҳон бо ҳаҷми беш аз 300 млн доллар содирот ба роҳ мондаанд. Аз ҷумла, дар ҳафт моҳи соли раовн ҳаҷми муомилоти мол бо Чин беш аз 22 млн долларро ташкил дод”.

Илова бар ин ҷониби Чин дар мулоқот бо шаҳрдори Хуҷанд гуфт, ки саноат дар самти мошинсозӣ, хӯрокворӣ, истихроҷи нафту газ, электротехника ва ғайраҳои шари Сиян рушд намудааст.

Дар ин шаҳри Чин 83 донишгоҳ бо 130 ҳазор донишҷўй фаъолият дорад. Соҳаи сайёҳӣ низ рушд намуда, танҳо давоми 7 моҳи соли равон ин шаҳрро беш аз 1,7 миллиард сайёҳони дохилию хориҷӣ тамошо намудаанд.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот ахиран эълон карданд, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ шумори бозорҳои соҳа 63 ададро ташкил додааст.

Тавре масъулини Тоҷикматлубот зимни нишасти матбуотӣ хабар доданд, дар бозорҳо ва дигар иншоотҳои соҳа 23 ҳазор шаҳрвандони кишвар ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд.

Ҳамзамон манбаъ хабар додааст, ки шумори бозорҳои соҳа 63 адад буда, ҷойҳои нишаст дар онҳо каме бештар аз 18 ҳазорро ташкил медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки тибқи омори расмӣ, ба ҳолати 1-уми январи соли равон дар Тоҷикистон 340,1 ҳазор соҳибкор фаъолият мекунанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-ум 1300 нафар зиёд мебошад.

Бояд гуфт, ки соли гузашта дар Тоҷикистон ҳудуди ҳазор корхона барҳам хӯрда ва 28 ҳазору 331 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро қатъ кардаанд.

Саъдӣ Қодирзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон қаблан дар нишасти матбуотии гуфт аксари соҳибкорон аз як намуди фаъолият ба фаъолияти дигар, аз ҷумла аз патент ва шахси ҳуқуқӣ гузаштанд, ки ин ҳам ба омори барҳамхӯрии соҳибкорон шомил мешавад.

Саъдӣ Қодирзода аз омори соҳибкорон нигаронӣ кард ва гуфт “ин омор басанда нест”.

Номбурда гуфт, ки аксари соҳибкорон аз надонистани ин ё он қонунгузорӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, надоштани маърифати молиявӣ, вақте корхонаро ба қайд мегиранд, корро сар накарда, муфлис мешаванд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад