Созмони Милал ҳамлаи террористии Шерозро ба шиддат маҳкум кард

Дабири кулли Созмони Милал, ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар ҳарами Шоҳчароғи Шерозро ба шиддат маҳкум карда ва бо хонаводаи қурбониёни ин ҳодисаи террористӣ ибрози ҳамдардӣ кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Стивен Дюжаррик” сухангӯи дабири кулли Созмони Милал рӯзи душанбе гуфт “Антонио Гутерриш” ҳамлаи террористии рӯзи гузашта дар ҳарами Шоҳчароғ дар шаҳри Шерозро ба шиддат маҳкум кардааст.

Вай, ки дар конфронси хабарӣ дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт: “ин дуввумин ҳамлаи террористӣ ба ин макони муқаддас тайи 10 моҳи гузашта будааст ва касоне, ки маконҳои муқаддасро мавриди ҳамла қарор медиҳанд бояд тавассути адолат мавриди бозхост қарор бигиранд”

Стивен Дюжаррик изофа кард: “дабири кулли Созмони Милал бо хонаводаи қурбониён ва мардуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ибрози ҳамдардӣ карда ва барои маҷрӯҳони ин ҳодиса низ оризуи шифои оҷил кардааст”.

Пештар низ “Питер Стано” сухангӯи масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар паёме дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳамлаи террористии рӯзи гузашта ба ҳарами Шоҳчроғ дар Шерозро маҳкум карда ва бо хонаводаи қурбониёни ин ҳодиса ибрози ҳамдардӣ карда буд.

Рӯзи гузашта расонаҳо гузориш доданд як фарди мусаллаҳ пас аз вуруд аз дарби Бобул Маҳдии ҳарами ҳазрати Шоҳчароғ иқдом ба тирандозӣ ба самти мардум мекунад. Ин ҳодиса ба шаҳодати ду нафар ва маҷрӯҳ шудани 6 нафари дигар мунҷар шуд.

Ин дувумин ҳамла ба ҳарами Шоҳчароғ тайи як соли гузашта будааст. Дар ҳодисаи қабл, ки соли гузашта рух дод 13 нафар ба шаҳодат расиданд.

Фаронса, Ироқ, Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Уммон низ аз ҷумла дигар кишварҳое буданд, ки ин ҳамлаи террористиро маҳкум кардаанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад