Таъкиди Раҳмон бар вуҷуди фурсатҳои густарда барои тавсеаи равобит бо Олмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар дидор бо вазири умури парлумони Олмон, бар вуҷуди фурсатҳои густурдае барои тавсеаи равобит байни ду кишвар дар заминаҳои мухталиф таъкид кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Эмомалӣ Раҳмон” раисҷумҳури Тоҷикистон бо “Нилз Аннен” вазири умури парлумонӣ дар вазорати таовун ва тавсеаи иқтисодии Олмон дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин дидор вазъият ва чашмандози равобити дуҷониба ва чандҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон дар заминаҳои мавриди алоқаи ду тараф мавриди баҳс ва баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин чорчуб раисҷумҳури Тоҷикистон таъкид кард, ки “Душанбе” ва “Берлин” дорои фурсатҳои густурдае барои тавсеаи равобити мутақобили судманд дар заминаҳои мухталифи тиҷорӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва башардӯстона ҳастанд.

Вай ҳамчунин хотирнишон кард, ки тарафи тоҷикӣ алоқаманд ба тақвияти бештари равобити созанда байни ду кишвар буда ва заминаҳои энергия, ба вижа барқи обиро ба унвони манбаъи тавсеаи “энергияи сабз”, илм ва омӯзиш, фановарӣ ва ҳамчунин масоили марбут ба тағйири иқлимро ҳамчун масирҳои умедворкунанда равобити дуҷониба арзёбӣ мекунад.

Дар чорчуби ин гуфтугӯ ҳамчунин мавзӯъоти марбут ба баргузории нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баррасӣ ва изҳори итминон шуд, ки рӯйдоди мазкур ба тавсеаи ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, фарҳангӣ ва башардӯстонаи кишварҳои минтақа ва Олмон, кумак хоҳад кард.

Ду тараф ҳамчунин дар мавриди мавзӯъоти муҳимми дастурикори минтақвӣ ва байналмилалӣ табодули назар карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад