Сеюмин донишгоҳи Тоҷикистон ҳам ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта шуд

Се донишгоҳи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳӣ омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё шудаанд. 

Се донишгоҳи Тоҷикистон, Донишгоҳи миллӣ, Донишгоҳӣ омӯзгорӣ ва Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсат шомили Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё шудаанд.

Ба гузориши манбаъ:

Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд Муъмин Шарифзода, дар ин бора зимни баргузории нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.

Ӯ, гуфт, дар ҷаласаи Шӯрои XV ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё дар шаҳри Маскав, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба узвияти ин созмони бо нуфузи илмӣ пазируфта шуд.

Ректор таъкид кард:

“Аъзогӣ дар Шӯрои мазкур барои табодули таҷриба дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти донишгоҳ бо донишгоҳҳои пешкадами кишварҳои ИДМ заминаи хуби ҳамкориҳои илмиро фароҳам меоварад”.

Зимнан ба ҳисоби донишгоҳҳои миллӣ ва омӯзгории шаҳри Душанбе, ин сеюмин донишгоҳи Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ба узвияти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё пазируфта шудаанд.

Ахиран зимни баргузории анҷуми ин ассостсиатсия дар Маскав дар натиҷаи овоздиҳӣ ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт ноиби президенти Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё интихоб шуд.

Ҳадафи Шӯрои Ассотсиатсияи донишгоҳҳои АвруОсиё ин ташкили майдони гуфтугӯи байналмилалӣ барои муҳокима ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти инкишофи ҳамкориҳо байни муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ИДМ, дарёфт намудани ҳамкорон мувофиқи самтҳои фаъолият, инчунин баланд бардоштани сифат ва ташаккули фаъолияти касбӣ гуфта мешавад.

ДДҲБСТ (ТГУПБП) дар шаҳри Хуҷанд бо донишгоҳи федералии Сибир, Донишгоҳи давлатии педагогии Нижний Новгород ба номи Минин, Донишгоҳи техника ва радиоэлектроникаи Белорус ва бо як қатор донишгоҳҳои кишвари Қазоқистон ва Ӯзбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Пештар дар хабарҳо омада буд:

Мутахассисон дар Тоҷикистон ошкор кардаанд, ки дар соли 2022 теъдоди омӯзгорони ботаҷриба ва соҳиби унвон дар донишгоҳҳои кишвар ҳазор нафар кам шудааст.

Агар дар гузашта як номзади илм ба 16 донишҷӯ рост меомад, ҳоло ба 42 донишҷӯ як номзади илм рост меояд. Мақомот вазъро ба бознишаста шудани устодони 63-сола рабт медиҳанд. Дигарон аз бисёр шудани устодони камтаҷриба ва таъсири он ба бахши таълим нигаронанд. Идомаи матлаб дар …

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад