Паёми худоҳофизии сафири ҶИЭ дар Тоҷикистон

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон пас аз поёни муддати маъмурият паёми худоҳофизӣ навиштааст.

Муҳаммадтақӣ Собирӣ, сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон пас аз поёни муддати маъмурият паёми худоҳофизӣ навиштааст.

Матни паёми Собирӣ, ки ҳоло маъмурияташ поён ёфта, ба шарҳи зер аст:

Акнун, ки рӯзҳои поёнии маъмуриятам ба унвони сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Тоҷикистон, ба шитоб аз роҳ фаро мерасад; пижвок ва танини ин байти пуршаҳду шикари Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, маро ба ёди даврони пурарҷ ва арзи ҳамдилӣ, дӯстӣ ва меҳри мардумони наҷиб ва бузургманиши тоҷик меандозад.

Ҳақиқатан ҷойгоҳи ин сарзамини бошукӯҳ ва мардумони неки тоҷик, назди мо эрониён ҳамон аст, ки мавлоно гуфт:

Аз “мани” мо “мантаранд”

Ба рағми фароз ва фурӯди садаҳои пешин, мардумони ин сарзамини куҳанбунёд, ҳаргиз пайвандҳои дерин ва ширини хешро бо сарзамини ниёгони Эронзамин нагусастанд ва ба равишҳои гуногун, ресмони фарҳанг ва ҳувияти хешро бо ҳавзаи забонӣ ва тамаддунии хеш пайвастанд.

Аз ин рӯ миёни Эрон ва Тоҷикистон “дуӣ” ва “моӣ ва туӣ” нест; ҳарчи ҳаст ягонагӣ ва якрангӣ аст!

Гуфт: Инак чун манӣ. Эй ман, даро

Нест гунҷоӣ, ду ман дар як саро

Нест сӯзанро, сари ришта дуто

Чунки яктоӣ дар ин сӯзан даро

Боре; дар даврони қариб ба панҷсол, ки моро вақт хуш буд; бисёр кӯшидам то обашхӯри ширини дӯстии ду кишвари тамаддунсози Эрон ва Тоҷикистон беш аз пеш равон ва зулол шавад.

Бегумон комёбӣ дар ин масир, бидуни ёрии гаронмоягон ва мӯҳташамони варҷованди ҳар ду кишвар муҳаққақ намешуд.

Фарҷом суханро бо қалбе пур аз тапиш ва дилтанагӣ; бо каломи зебо ва сазоворонаи шоири фақид ва баландовозаи тоҷик зинда ёд устод Лоиқи Шералӣ ороста мегардонам;

Умед, ки ба мадади додори баланд; дарахти тановар ва гашани бехи дӯстӣ ва пайванди ду кишвари сарафрози Эрон ва Тоҷикистон, ҳар рӯз хуррамтар ва сабзтару шодобтар бошад ва аз газанди аҳриманон ва нажанди дежхимони эмин ва маҳфуз бимонад.

Атои фазли Яздонӣ,

Ки бо ҷамъу парешонӣ

Тапад бо ҳам; танад бо ҳам

Дили тоҷику эронӣ

Ба тоҷику ба эронӣ

Муҳаббат бод арзонӣ

Садоқат бод; наҷобат бод

Шаҳомат бод арзонӣ!

Ҳамвора саломат ва пирӯз бошед!

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад