Эълони расмии муфлисшавии “Тоҷпромбонк”

Қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро Суди иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми август содир кардааст.

Қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро Суди иқтисодии шаҳри Душанбе рӯзи 1-уми август содир кардааст.

бора Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон аз Қарори муфлисшавии ин бонк, аз ҷониби Суди иқтисодии шаҳри Душанбе хабар додааст.

Рустам Мирзозода дар нишасти матбуотии қаблӣ, моҳи феврали соли равон гуфта буд, ки ба “Тоҷпромбонк” то моҳи июни соли 2023 муҳлат барои адо кардани уҳдадориҳояш дода шудааст.

Он замон ӯ зикр карда буд, ки аз болои “Тоҷпромбонк” 246 нафар шаҳрванд шикоят доранд ва 37 млн сомонӣ қарзи ин бонк боқӣ мондааст.

Судяи Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Зулфия Саидзода, ки қарори муфлисшавии “Тоҷпромбонк”-ро имзо кардааст, иброз намуд, ки ин бонк дар асоси аризаи Бонки миллии Тоҷикистон муфлис эълон шудааст.

Ӯ афзуд, ки парвандаи муфлисшавӣ ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн сомонӣ маблағи амонати худро, ки дар бонк буд, бозпас гирифтанд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад