Маскав: Қариб 700 сарбози украинӣ дар як рӯз кушта шуданд

Вазорати дифои Русия зимни ишора ба кушта шудани наздик ба 700 низомиёни украинӣ дар ҷараёни амалиётҳои 24 соати гузашта, аз дафъи ҳадди ақал 21 амалиёти таҳоҷумии артиши Киев хабар дод.

Вазорати дифои Русия имрӯз омори ҷадиде аз талафоту хисороти артиши Украина дар ҷараёни даргирӣ бо неруҳои ин кишвар тайи 24 соати гузашта ироа кард.

Ин вазоратхона дар баёнияе гуфт, ки ҳадди ақал 21 амалиёти таҳоҷумии низомиёни украинӣ ба мавозеи неруҳои Русия дар меҳварҳои ҷануби Донетск, Кубянск, Запороже, Краснилиман, Херсон ва Харков тайи як рӯзи гузашта дафъ шуданд.

Ба навиштаи хабаргузории Спутник, Вазорати дифои Русия дар идома тавзеҳ дод, ки дар ҷараёни муқобилаи неруҳои рус бо ҳамалоти артиш Киев дар меҳварҳои мазкӯр, беш аз 680 низомии украинӣ куштаву ҳаҷми зиёде аз таҷҳизоти ҷангии онҳо нобуд шуд.

Дар ин баёния омадааст, ки 8 мошини зиреҳпӯш ва 5 ягони низомии комили Украина дар меҳвари ҷануби Донетск, 2 қабза тӯпхона дар Кубянск, 2 дастгоҳи танк ва 9 худрӯи ҷангии нафарбар дар Зопороже, дар ҷараёни ин ҳамалоти рӯзи гузашта аз байн рафтанд.

Тибқи ин гузориш, ин вазоратхона ҳамчунин афзуд, ки дар пайи ҳамалоти неруҳои ҳавофазои Русия, 3 анбори таслеҳоту муҳимоти неруҳои мусаллаҳи Украина дар Харков нобуд шуданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад