Оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ нафратангезтар шуда истодааст

Дар ҳоле, ки Бенямин Нетаняҳу, сарвазири режими саҳюнистӣ бар густариши шаҳраксозиҳои ғайриқонӯнӣ ва куштори дастаҷамъонаи фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ, Қудси шарқӣ ва Навори Ғазза таъкид дорад, танишҳо байни кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс ва Тел-Авив афзоиш меёбад ва дар ин миён оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ рӯз то рӯз нафтарангезтар мешавад.

Ин дар ҳоле аст, ки Кохи Сафед дар талош барои эҷоди як тавофуқи “оддисозӣ” байни Тел-авив ва Риёз аст. Ба гузориши расонаҳо, Абу-Даби ва Манома аз натиҷаи тавофуқномаи 2020 Иброҳим ноумед шудаанд. Афроди ошно ба ин мавзӯъ гуфтанд, ки раҳбарии Амороти Муттаҳидаи Араб  ва ҳамчунин Баҳрайн ба вижа нигарони қатлиомми артиши кӯдаккуши Исроил дар моҳи гузашта дар шимоли Каронаи Бохтарӣ ҳастанд. Бо ҳимояти давлати Ҷо Байден, неруҳои исроилӣ кампи оворагони Ҷенинро мавриди ҳамла ва бомбаборон қарор доданд ва даҳҳо нафар аз ҷумла панҷ кӯдакро куштанд. Булдозерҳои исроилӣ роҳҳо, барқу шабакаҳои обии урдугоҳро қатъ карданд. 1000 сарбоз ба ҳамроҳи чархболҳо, паҳподҳо ва 150 мошини низомӣ дар ин ҳамла ширкат карданд.

Ҳаддиақал 204 фаластинӣ дар соли ҷорӣ бар асари тирандозии неруҳои режими саҳюнистӣ кушта шудаанд, ки 36 кӯдак аз ҷумлаи онҳо мебошанд, ки ин мизон тақрибан як кушта дар ҳар рӯз аст. Дар маҷмӯъ 167 нафар дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси шарқӣ ҷони худро аз даст додаанд, ки соли 2023-ро ба яке аз хунинтарин солҳо дар сарзаминҳои ишғолии Фаластин табдил кардааст.

Расонаи “Middle East Eye” гузориш дод, ки 36 нафари дигар дар Навори Ғазза кушта шуданд. Дар моҳи май, режими саҳюнистӣ чандин маротиба Ғаззаро бомбаборон кард, ки мунҷар ба кушта шудан 33 нафар шуд.

Яке дигар аз мавориди мавриди ихтилоф, эътилофи Нетаняҳу аст, ки пур аз шаҳракнишинони ифротӣ, бартариталабони саҳюнист ва миллигароёни ифротӣ аст, ки мусаммам ба илҳоқи Каронаи Бохтарӣ ба сарзаминҳои ишғолӣ бо зӯр ҳастанд.

Вазири дороии ин режими авоили соли ҷорӣ гуфт, ки “чизе ба номи мардуми Фаластин вуҷуд надорад”. Иморот куштори дастаҷамъона дар Ҷенин ва ҳамчунин изҳороти вазири дороии Исроилро маҳкум кард. Абу-Даби ва Манома пас аз ин ҳаводис ба далели робита бо Тел-авив бо вокуниши умумӣ дар ҷабҳаи дохилӣ мувоҷеҳ шудаанд. Назарсанҷиҳои анҷом шуда тавассути муассисаи Вашингтон барои сиёсати Ховари Наздик, як андешкадаи лобии режими саҳюнистӣ, коҳиши қобили таваҷҷӯҳе дар ҳимоят аз тавофуқи Иброҳимро нишон медиҳад. Ба тартиб, дар Амороти Муттаҳидаи Араб ва Баҳрайн, танҳо 27 дарсад ва 20 дарсад аз посух диҳандагон, оддисозии равобит бо “Исроил”-ро мусбат арзёбӣ карданд.

Ин аъдод нишондиҳандаи коҳиши 20 ва 25 дарсадии ҳимоят дар се соли гузаштааст. Дар Арабистони Саудӣ, дар посух ба ин савол, ки оё оддисозии равобит бо Тел-авив барои минтақа хуб аст, танҳо 20 дарсади посухдиҳандагон посухи мусбат доданд, ки 50 дарсад аз соли 2020 коҳиш ёфтааст. Бо тавваҷӯҳ ба инки Риёз ахаран дар як иқдоми дипломатики бесобиқа бо миёнҷигарии Пекин, равобити дипломатики комили худро бо Теҳрон эҳё кардааст, тардид вуҷуд дорад, ки Саудиҳо бихоҳанд ба тавофуқи Иброҳим бипайванданд.

Азиз Ал-қошиён, таҳлилгари мустақар дар Риёз, ки сиёсатҳои подшоҳии Саудӣ дар қиболи режими саҳюнистиро мутолиа мекунад, тавзеҳ медиҳад: минтақа дар ҳоли ҳозир дар ҷиҳати дигаре дар ҳоли ҳаракат аст. Ба таври расмӣ, валиаҳд Муҳаммад ибни Салмон  ҳаргуна тавофуқи оддисозӣ бо Исроилро аз рӯи миз бардоштааст, магар инки роҳи ҳалли ду кишварӣ вуҷуд дошта бошад ва ба миллионҳо мусалмон ва масеҳии фаластинӣ, ки наздик ба 60 сол таҳти як ишғоли ваҳшиёнаи низомӣ ранҷ мебаранд, ҳаққи ҳаёт дода шавад. Сиёсатҳои Нетаняҳу барои сабти рекорд барои густариши шаҳраксозӣ ва сохту соз дар мустаъмироти ғайриқонӯнии яҳудён, танҳо ба хунсо кардани ҳатто тазоҳур ба як кишвари фаластинии оянда кумак мекунад.

Бар асоси гузоришҳо, Риёз хостаҳое аз ҷумла афзоиши дастрасӣ ба системаҳои таслеҳотии пешрафтаи Иёлоти Муттаҳида, тазминҳои амниятӣ ба сабки НАТО ва кумак ба сохти барномаи энержии ҳастаии ғайринизомии худро ба Кохи Сафед ироа кардааст. Агарчи Муҳаммад ибни Салмон далоиле дорад, ки нисбат ба ҳаргуна тазмине, ки Вашингтон мумкин аст барои тазмини тавофуқ бипардозад, шак дорад.

Собиқан дар як нуқтаи дарднок Амороти Муттаҳидаи Араб маҷбур шуд музокироти хариди ҳавопаймоҳои ҷангии пешрафтаи F-35 аз Амрикоро дар авохири соли 2021 пас аз исрори Вашингтон мабнӣ бар лағви қарордод бо Ҳововии Чин барои фанноварии телефони ҳамроҳи G5 ба ҳолати таълиқ даровард. Ин дар ҳоле аст, ки замоне, ки тавофуқи оддисозии равобит бо Исроилро имзо кард, ваъдаи ин таслеҳот ба он дода шуда буд. Таҷрибаи Амороти Муттаҳидаи Араб дар мавриди тавофуқномаи иброҳим аз наздик тавассути Арабистони Саудӣ расад шудааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад