Мувофиқати “Душанбе” ва “Токио” барои фиристодани мутахассисони ҷопонӣ ба Тоҷикистон

Вазорати рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон аз имзои ёддошти тафоҳуми байнидавлатии кишвар ва Ҷопон дар чорчуби барномаи довталабони ҳамкории хориҷии Ҷопон (JOCV) хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, давлатҳои Душанбе ва Токио ёддошти тафоҳумеро дар чорчуби барномаи довталабони ҳамкории хориҷии Ҷопон ба имзо расонданд.

Ин санад ахиран дар шаҳри Душанбе ва дар поёни музокироти “Заҷқӣ Завқизода” вазири рушди иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон бо “Ёшикава Юми” муовини вазири умури хориҷаи Ҷопон ба имзо расид.

Ҷопон дар чорчуби ин санад ба сурати роягон барои заминаҳои аввалавиятдори иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон мутахассисон бо таҷрибаи худ (пизишкон, муҳандисон, фановарон, барноманависон, тарроҳон ва ғайра)-ро эъзом мекунад.

Ду тараф тайи ин дидор дар мавриди густариш ҳамкориҳои тиҷорӣ дуҷониба аз ҷумла афзоиши ҳаҷми сармоягузории барномаҳои аввалавиятдор дар Тоҷикистон, эҷоди бунгоаҳои санъатии муштарак бо истифода аз фановариҳои пешрафтаи ҷопонӣ дар манотиқи озоди иқтисодӣ, содироти маҳсулот аз назари муҳити зисти поки тоҷикӣ ва эҷоди марокизи мухталифи корӣ баҳс ва табодули назар карданд.

Дар ин дидор ҳамчинн хотирнишон шуд, ки 2500 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон таҳти барномаи ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон ва 100 корманди давлатӣ дар чорчуби барномаҳои кумаки билоиваз «бурсияҳои омӯзишӣ барои тавсеаи манобеи инсонӣ» дар Ҷопон омӯзиш дидаанд.

Ду тараф дар бахши дигаре ба афзоиши 1.7 баробарии тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар нимаи аввали соли ҷории мелодӣ нисбат ба замони мушобеҳи соли гузашта ишора карданд.

Шоёни зикр аст, ки тиҷорати мутақобили Тоҷикистон ва Ҷопон дар як соли гузаштаи мелодӣ 108.5 миллион долларро ташкил дода буд.

Барномаи «довталабони ҳамкории хориҷии Ҷопон» (Japan Overseas Cooperation Volunteers) як системи давлатӣ барои эъзоми довталабони ҷавони ҷопонӣ, дар тайфи густурда аз заминаҳо монанди кишоварзӣ, ҷангалдорӣ, шилот, омӯзиш, беҳдошт ва беш аз 120 заминаи фаннӣ, ба хориҷ аз кишвар аст, ки тавассути ожонси ҳамкории байналмилалии Ҷопон (Ҷайка) идора мешавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад