Тоҷикистон беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Аврупоро маҳкум кард

Вазорати умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон дар баёнияе, беҳурматӣ ва оташ задани Қуръон дар бархе кишварҳои аврупоиро маҳкум кард.

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Душанбе, вазорати умури хориҷаи кишварамон Тоҷикистон дар баёнияе, беҳурматӣ ва оташ задани Қуръон дар бархе кишварҳои аврупоиро маҳкум кард.

Бар асоси эъломи ниҳоди дипломатики Тоҷикистон, беҳурматӣ  ба Қуръони Маҷид иҳонат ба ҳамаи мусулмонон аст ва мунҷар ба эҷоди ихтилоф дар ҷомеа ва баҳонае барои даргириҳои мазҳабӣ мешавад.

Ин вазоратхона хотирнишон карда Тоҷикистон ҳамвора аз гуфтугӯи созанда байни тамаддунҳо ҳимоят мекунад ва ҳаргуна мазоҳири хушунат, ифротгароӣ ва терроризм, душманӣ ва хусумат ва ҷанг ва даргириро маҳкум мекунад.

Пеш аз ин “Қосим Ҷомарт Тоқаев” раисҷумҳури Қазоқистон низ бо ишора ба оташ задани Қуръон дар бархе аз кишварҳои аврупоӣ ин иқдомро ғайри масъулона хонд ва аз Созмони Милал хост то бо ин гуна ҳаракот ба шиддат бархурд шавад.

Баъд аз ду бор беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Аврупо тайи ду ҳафта ахир, рӯзи ҷумъаи гузашта беҳурматии ҷадиде ба Қуръон дар Аврупо рух дод.

Як гурӯҳи рости ифротӣ дар Дания рӯзи ҷумъа, нусхае аз Қуръони Каримро дар муқобили сафорати Ироқ дар “Копенгаген” пойтахти Дания сӯзонд.

Ин иқдоми иҳонатомез дуруст як рӯз пас аз он рух дод, ки зӯҳри рӯзи панҷшанбе, 20 июл, барои дувумин бор тайи чанд ҳафтаи ахир, омилони қуръонсӯзӣ дар Шветсия, бо чароғи сабзи полиси ин кишвар ва пас аз дарёфти муҷаввиз барои таҷаммӯъи зидди исломӣ дар Стокголм, ба Қуръони Карим иҳонат карданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад