Боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Маскав тавассути афроди ниқобпӯш

Муҳоҷирон дар Русия лаҳзаи таъқибу азияти муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби афроди мусаллаҳи ниқобдорро сабт кардаанд.

Муҳоҷирон дар Русия лаҳзаи таъқибу азияти муҳоҷирони тоҷик аз ҷониби афроди мусаллаҳи ниқобдорро сабт кардаанд.

Дар наворе, ки дар шаҳри Балашиха дар канори Маскав рӯзи 26-уми июли соли 2023 сабт шудааст, ду ниқобдор муҳоҷирони тоҷикро боздошт ва фармони ба замин хобидан медиҳанд. Дар дасти яке силоҳ дида мешавад.

Муҳоҷироне, ки наворро нашр кардаанд, гуфтанд, чанд ҳафтаи ахир шеваи озору азияти муҳоҷирон тағйир кардааст ва аз ҷониби афроди ниқобдор, ки либоси мулкӣ доранд, вале эҳтимолан корманди мақомоти интизомии Русия ҳастанд, таъқиб мешаванд. Сабаби ҳангоми шикори муҳоҷирон ба рӯ ниқоб кашидани онҳо маълум нест.

Дар ин навор дида мешавад, ки пас аз чанд лаҳзае кормандони ОМОН ё дастаи таъиноти махсуси Русия ҳозир мешаванд ва муҳоҷирони зиёдтареро боздошт мекунанд.

Нодир, як тан аз муҳоҷироне, ки шоҳиди ин лаҳза будааст, гуфтааст, ки наздик ба 20 муҳоҷир аз назди маҳалаи “Якуми май” ва Балашихаи Маскав боздошт шуда, ба самти номаълум бурда шуданд.

Ӯ гуфт: “Якум ниқобдорон фаромада, муҳоҷиронро фармони ба замин хобидан доданд ва баъдан занг заданд ва як автобуси пулис бо кормандони ОМОН омад. Бо таҳқир ва даст ба пушт онҳоро ба автобус бор карда бурданд.”

Мақомоти Русия ин боздоштҳоро шарҳ надодаанд. Рӯзи 27-уми июл дар сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфтанд, ки дар Балашиха танҳо “ду-се муҳоҷири тоҷик боздошт шудааст ва пас аз тафтиши санадҳояшон раҳо шудаанд.”

Масъулони сафорат гуфтанд, ки иттилоъро аз пулиси рус дастрас кардаанд.

Дар се моҳи ахир фишору азияти муҳоҷирони кории тоҷик, ки ҳудуди як миллион нафарро ташкил медиҳанд, дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти тоҷик аз ҳамтоёни худ талаб карданд, ки бо муҳоҷирон қонунӣ рафтор кунанд. Ба назар мерасад, ки бархӯрди мақомоти рус дар қиболи муҳоҷирони тоҷик дар гӯшаву канори Русия тағйир накардааст. Матбуоти Русия боздошти дастаҷамъии муҳоҷиронро, аз қавли мақомот, тафтиши ҳузури қонунии будубошӣ муҳоҷирон меноманд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад