Иттиҳодияи Аврупо чанд мақоми Толибонро таҳрим кард

Шӯрои Аврупо 20-уми июл Абдулҳаким Ҳақонӣ раиси Девони олӣ, Абдулҳаким Шаръи вазири додгустарӣ ва Мавлавӣ Ҳабибуллоҳ Оғо сарпарасти Вазорати маориф дар давлати мувақати Толибонро ба далели нақшае, ки дар маҳрум кардани духтарон аз омӯзиш, таҳсил ва ҳуқуқи баробар бо мардон ифо кардаанд, таҳрим кард.

Гурӯҳи Толибон дар вокуниш ба ин иқдоми Шӯрои Аврупо онро дар чорчӯби эъмоли фишорҳои Аврупо бар Афғонистон тавсиф кард, ки ба сӯди ҳеҷ як аз ду тараф нест. Ин бадон маъно аст, ки ингуна иқдомот таъсире дар тағйири тасмим, рафтор ва амалкарди Толибон дар умури занон надорад. Зеро Толибон борҳо бо таъкид бар ин, ки масъалаи занони мавзӯъи дохили Афғонисон аст хостори парҳези кишвараҳо аз дахолати умур дар ин кишвар шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки Амрико шарти шиносоии байналмиллалии ҳокимияти Толибонро риояти ҳуқуқи шаҳрвандии духтарон ва занон дар Афғонситон эълон кард.

Коршиноси масоъили Афғонистон дар ин бора мегӯяд: Тардиде нест масоиле, ки дар чорчӯби марзҳои Афғонистон мегузарад масъалаи дохилии ин кишвар аст аммо таваччӯҳ ба риояти ҳуқуқи шаҳрвандии имрӯза ба мавзӯъи байналмиллалӣ табдил шуда, ки ҳатто кишвараҳои исломӣ ва уламои исломӣ ин ҳаққро барои худ қоил ҳастанд, ки аз Толибон бихоҳанд ҳуқуқи занон ва духтаронро ба хусус дар амри таҳсил риъоят кунад. Зеро дар ҷомеъаи Афғонистон низ ин тасмими Толибон пазирӯфта нашуда ва маҳофил ва шахсиятҳои мухталифи дохили ҳам хостори таваччӯҳи Толибон ба ҳуқуқи таҳсили духтарон шудаанд.

Ҳар чан мумкин аст дар тарҳи ин дархост аз сӯйи бархе маҳофил аҳдофи судҷӯёна ва ғараз варзона матраҳ бошад аммо нуктаи муҳим ин аст, ки бар асоси ҳеҷ як аз оин ва омӯзаҳои исломи таҳсили духтарон на танҳо манъ нашуда балки бар он низ таъкид шудааст. Ҳар чанд, тасмими Толибон дар мавриди мамнуъият таҳсили духтарон бо мавозини байналмиллалӣ пазирӯфта шуда ҷаҳоне низ муғоират дорад ва ҳамин баҳонаи лозимро дар ихтиёри маҳофили мухталиф қарор медиҳад то фишорҳои худро бар Афғонистон афзоиш диҳанд.

Ориф Акрами коршиноси масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд: Ҳаққи идомаи таҳмил барои духтарон амри пазируфта шуда дар сатҳи байналмиллалӣ аст аммо Толибон дар назар дорад хостаи худро бар мардуми Афғонистон таҳмил кунад, ки вокунишҳои ҷаҳониро барангехта ва кишварҳо ва маҳофили мухталиф аз он ба унвони фурсате барои эъмоли фишор бар мардуми Афғонистон истифода мекунанд, ки паёмҳои он мутаваҷҷеҳи мардуми ин кишвар аст. Марудми Афғонистон дар пеш аз чаҳордаҳа бо анвоъи мушкилоти ношӣ аз ҷангҳои дохилӣ таҷовуз ва ишғолгарӣ мувоҷҷеҳ будаанд ва воқеъан ҷомеъаи Афғонистон таҳамули мушкилотро надорад.

Дар ҳар ҳол, шояд битавон гуфт эъмоли таҳрими зиддӣ се мақоми Толибон аз сӯйи Шӯрои Аврупо дар иртибот бо тавзеиъ ҳуқуқуи занон аввалин иқдоми амалии кишварҳои аврупоии зиддӣ Толибон аст аммо бо таваҷҷуҳ ба ин, ки фаровадаи байналмиллалӣ ва ё сафари афроди таҳрим шудаи Толибон ба хориҷ аз кишвар ва ё ҳадди ақали кишварҳои аврупоӣ бисёр заъиф аст метавон гуфт эъмоли таҳрим бар зиддӣ онон ҳаракати жести сиёсӣ аз сӯйи Шӯрои Аврупо талқи мешавад. Ба ҳамин далел Толибон низ вокуниши чандон бо хашм ва асабоният аз худ нишон додааст. Агар чӣ Толибон ахиран масоъиле ҳамчун муҳтавои мутуни дарсиро омили манъи таҳсили духтарони болотар аз мақтаъи шашуми ибтидоӣ эълом кард аммо ҳеҷ сухани ношинае мабни бар аз саргирии фаъолиятҳои таҳсилии духтарон аз сӯйи Толибон дида намешавад ва ҳамин мавзӯъ таъсироти мухариби руҳӣ ва равонӣ бар ҷомеъаи духтарони Афғонистон доштааст, ки ниёзманди таваҷҷӯҳи ҷиддии Толибон аст. Иловабарин ҷомеъаи Афғонистон ба хадамоти духтарон ва занон дар бахшҳои мухталиф аз чомеъаи пизишкӣ ниёзманд аст, ки лозимаи он идомаи таҳсили духтарон ва касби маҳоратҳои омӯзишӣ ва илмӣ барои хидмат ба ҷомеъаи Афғонистон аст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад