Таъкиди Раҳмон ба густариши фаъолияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Узбакистон

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Абдуллоҳ Орифов” нахуствазири Узбакистон ба Тоҷикистон сафар ва бо “Эмомалӣ Раҳмон” раиси ҷумҳури кишвар дидор ва гуфтугӯ кард.

Дар гуфтугӯи раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва нахуствазири Узбакистон вазъият ва чашмандози равобити ду кишвар дар заминаҳои мушорикати роҳбурдӣ, ҳампаймонӣ ва роҳҳои тавсеаи бештари он баррасӣ шуд.

Дар ин замина бо хурсандӣ ба раванди мусбати рушди шохисҳои тиҷорати мутақобил ишора ва танаввӯъи тиҷорати дуҷониба ва густариши сохтори колоӣ он ба унвони вазоифӣ муҳим шиносоӣ шуд.

Дар ин росто, раиси ҷумҳури кишварамон Тоҷикистон ба фурсатҳои бузург дар бахшҳои мухталифи санъат, энергия, ҳамлу нақл, кишоварзӣ, гардишгарӣ ва соири бахшҳои мавриди алоқа ишора кард.

Аз тавсеаи равобит дар заминаҳои саноеи сабук ва ғизоӣ, металлургияи рангин, санъати мошинсозӣ ва ҳамчунин муҷтамаи кушт ва санъат низ ба унвони як масири умедворкунанда ёд шуд.

Алова бар ин тайи ин дидор бар густариши фаъоли равобити иқтисоди мустақим байни воҳидҳои иқтисодӣ ва маҳофили тиҷорӣ дар бахши воқеӣ иқтисод ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар сатҳи минтақа тамаркуз шуд.

Ду тараф нисбат ба густариши бештари табодулоти фарҳангӣ ва башардӯстона байни ду кишвар ибрози алоқа карданд.

Раҳмон бар аҳамияти фаъолияти фаъоли комиссияи байнидавлатии тиҷорат ва ҳамкориҳои иқтисодӣ дар ростои дастёбӣ ба аҳдофи таъйин шуда барои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Узбакистон таъкид кард.

Ду тараф омодагии худро барои талошҳои муштарак дар ҷиҳати иртиқои мустамари тайфи васее аз равобит байни ду кишвар иброз доштанд.

Нахуствазири Узбакистон рӯзи гузашта ба Тоҷикистон ворид шуд. Дар бадви вуруд ба фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе, вай мавриди истиқболи Қоҳир Расулзода нахуствазири Тоҷикистон ва соири ашхоси расмӣ қарор гирифт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад