Сармоягузории 55 миллион долларии Кореяи Ҷанубӣ дар Узбакистон

Кореяи Ҷанубӣ барои тавлиди барқ дар Тошканди Узбакистон муодили 55 миллион доллар сармоягузорӣ кард.

Ширкати “SEJIN  G&E Co Ltd”-и Кореяи Ҷанубӣ барои иҷрои тарҳи тавлиди энергетика дар Тошканд дар Узбакистон муодили 55 миллион доллар сармоягузорӣ кард.

Ин ширкати кораея дар Тошканд корҳои сохти муҷтамаи тавлиди барқ аз тариқи истихроҷи газ аз маҳалли дафни зуболаҳои хонагӣ ва фароварии газ оғоз кардааст.

Намояндагони ширкати Кореяи Ҷанубӣ рӯзи гузашта бо ҳузур дар маҳал бо корҳои иҷрои тарҳи ёдшуда ошно шуданд.

Бар асоси ин гузориш, масоҳати умумии майдони зубола 89 гектар буда, дар як рӯз ба онҷо то 2000 тонна зубола андохта мешавад. Дар соли 2019 мелодӣ барои сохти ин муҷтамаъ як гектар замин ихтисос шудааст. Дар натиҷа ба баҳрабардории расидани ин тарҳ 55 миллион долларии он солона 16 мегаватт барқ тавлид мекунад.

Ҳамакнун Кореяи Ҷанубӣ яке аз бузургтарин сармоягузорони Узбакистон мебошад.

Кореяи Ҷанубӣ токунун барои ҳузур дар иқтисоди Узбакистон беш аз 10 миллиард доллар ихтисос додааст.

Дар ҳоли ҳозир дар Узбакистон беш аз 800 корхона бо мушорикати сармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ аз ҷумла 79 ширкат бо 100дарсади сармоясармоягузорони Кореяи Ҷанубӣ дар бахшҳои мошинсозӣ, бозаргонӣ, саноеи химиявӣ, ғизоӣ, филизсозӣ, дорусозӣ, ҷаҳонгардӣ, нафту газ ва хадамоти фаъолият мекунанд.

Мубодилоти бозаргонӣ байни Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ дар8 моҳи соли 2022 дар сатҳи як миллиарду 600 миллион доллар қарор гирифтааст.

Кореяи Ҷанубӣ истиқлоли ин кишварро дар 30 декабри соли 1991 ба расмият шинохт ва дар 29 январи соли 1992 равобити сиёсии худро бо Узбакистон барқарор кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад