Омилон ва аҳдофи такрори беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Шветсия

Рӯзи гузашта шахсе, ки се ҳафта пеш ҷинояти сӯзондани Қуръони Каримро анҷом дода буд, ин беҳурматиро бори дигар такрор кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс, Салван Момика, муҳоҷири ироқии сокини Шветсия бо ҳимояти полиси ин кишвар иқдом ба сӯзондани Қуръони Карим дар муқобили сафорати Ироқ дар Стокголм кард.

Салван Момика кист?

Салван Момика муҳоҷири 37-солаи ироқӣ бо собиқаи ташкили гуруҳи мусаллаҳ, мушрику муртад мебошад. Вай дорои собиқаи доштани хушунат буда ва ба ҳамин далел дар соли 2017 ба иттиҳоми ҷинояти ҷангӣ ва тарвиҷи хушунат дар Ироқ боздошту зиндонӣ шудааст. Пас аз зиндонӣ шудан вай дар соли 2017 додгоҳи Ироқ дар пайи вокуниши тунди кишварҳои ғарбӣ ӯро озод мекунад ва сипас ӯ ба Шветсия муҳоҷират мекунад то бо пайвастан ба аҳзоби ифротии ин кишвар ба ҷиноятҳои худ идома диҳад.

Бар асоси бархе гузоришҳо, ӯ бо ниҳоди ҷосусии Исроил иртибот дошта ва барои сӯзондани Қуръони Карим аз тарафи кишварҳои ғарбӣ ба хусус режими саҳюнистии Исроил ҳимоят мешавад.

Аҳдофи анҷоми сӯзондани Қуръони Карим

Коршиносон дар робита ба аҳдофи сӯзондани Қуръони Карим дар пойтахти Шветсия тавассути муҳоҷири ироқӣ изҳороте ироа кардаанд, ки ба таври хулоса баён мешавад:

  1. Бархе коршиносон бар ин боаранд, ки режими саҳюнистии Исроил ҳомии беҳурматиҳои ахир ба Қуръони Карим аст ва ҳадафаш мунҳарифсозӣ ва дур кардани таваҷҷӯҳи мардуми ҷаҳон ба хусус мусалмонон аз ҷиноятҳое аст, ки дар Фаластин анҷом медиҳад.
  2. Аз нигоҳи бархе дигар аз коршиносон, режими саҳюнистӣ бо офаридани ҳодисаҳои ахир дар сӯзондани китобҳои осмонӣ дар пайи он аст, ки байни мусалмонон ва адёни дигар тафиқа ва ихтилоф эҷод кунад.

Тибқи бархе гузоришҳо се созмони саҳюнистии соҳиб нуфуз дар Шветсия аз ҷинояти қуръонсӯзӣ ҳимоят мекунанд то аз ин тариқ фитаафканӣ кунанд.

  1. Ҳар замон, ки ғарб дучори буҳрон мешавад ва ноумед аст, шӯриши умумии зидди мусалмононро бармеангезанд ва ё мехоҳад тамаркузи худро аз шикастҳои худ дур кунад ба муқаддасоти исломӣ беҳурматӣ мекунад; ин иттифоқ борҳо дар тӯли таърих рух додааст.
  2. Худи Силван Момика эълон кардааст, ки ҳадафаш аз қуръонсӯзӣ озодии баён мебошад. Вай дар тавҷиҳи иқдоми худ гуфтааст, ки озодии баён яке аз масъалаҳои муҳимми башар аст ва ба ҳамин далел дар ҳама ҷои ҷаҳон фаъолиятҳои зиёде барои анҷоми ин кор сурат мегирад. Аммо инки “беҳурматӣ ба Қуръон”-ро ба озодии баён иртибот додааст, чизе ҷуз ихтилофафканӣ натиҷаи дигаре надорад.
  3. Бо таваҷҷӯҳ ба рушди бесобиқаи Ислом дар Авурпо, душманони дини Ислом дар пайи он ҳастанд, ки бо сӯзондани Қуръони Карим дар кишварҳои аврупоӣ хашми мусулмонони ҷаҳонро барангезанд ва мусулмонон ҳам бо дидани беҳурматӣ ба Қуръони Карим даст ба хушунат бизананд то аз омилони он интиқом гиранд. Дар натиҷа мусулмононро дар чашми мардуми Аврупо бадрафтор нишон диҳанду монеи рушд ва густариши Ислом дар кишварҳои аврупоӣ шаванд.
  4. Бархе дигар дар ин робита чунин изҳори назар кардаанд, ки Силван Момика бо ин иқдоми худ дар пайи расидан ба шуҳрати ҷаҳонӣ мебошад. Албатта мушаххас аст, ки беҳурматӣ ба Қуръони Карим, китоби осмонии 2 миллиард мусалмон чандон амали мантиқӣ ва ақлӣ барои расидан ба шуҳрат ба назар намерасад.

Ошкор аст, ки мусалмонон ва давлатҳои исломӣ нисбат ба қуръонисӯзие, ки дар кишвари Шветсия ва бо ҳимояти полиси ин кишвар сурат гирифтааст бояд вокуниш нишон диҳанду ин иқдомро бо қатъи иртиботи сиёсӣ аз ҷумла ихроҷи сафирони Шветсия ва таҳрими колоҳои ин кишвар маҳкум кунанд.

Вокуниши давлат ва мардуми Ироқ ба қуръонсӯзӣ дар муқобили сафорати ин кишвар дар Стокголм

Мардуми Ироқ дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим дар Шветсия сафорати ин кишвар дар Бағдодро ба оташ кашиданд. Эътирозагрон аз деворҳои сафорати Шветсия дар пойтахти Ироқ боло рафта ба далели ҳимояти Шветсия аз қуръонсӯзӣ, сафорати ин кишварро оташ заданд. Мардуми Ироқ ҳамчунин парчами Шветсияро ҳам ба оташ кашиданд.

Вазири Ироқ ҳам ба Вазорати хориҷаи ин кишвар дастур дод, ки кордори сафорати Ироқ аз Стокголм фаро хонда шавад ва ҳамчунин дастур дод, ки сафири Шветия ихроҷ ва дари ин сафорат баста шавад.

Вокуниши кишварҳо ва ниҳодҳои мухталиф ба қуръонсӯзӣ дар Шветсия

Кишварҳои зиёде аз ҷумла Арабистон, Фаластин, Қатар, Яман, Туркия ва Эрон ин иқдомро маҳкум карда онро нафратангез, исломситезӣ, хушунат, беҳурматӣ ба адён хонда ва хостори ҷилавгирӣ аз ингуна амалҳо шуданд.

Донишгоҳи Ал-Азҳари Миср ҳам дар вокуниш ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим онро ба шиддат маҳкум карда ва аз кишварҳои исломӣ хост, ки колоҳои Шветсияро таҳрим кунанд.

Ҳамбастагии дабири кулли Созмони Милал бо мусалмонони ҷаҳон

Антонио Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид низ шомгоҳи панҷшанбе дар дидор бо намояндагони Созмони Ҳамкории Исломӣ, хушунату иқдомоти исломситезонаро маҳкум ва эълон кард, ки бо ҷомеаи мусалмонон ҳамбастагӣ дорад.

Дар баёнияе, ки сухангӯи СММ нашр кардааст, гуфта шудааст, ки Гутерриш бо аъзои Созмони Ҳамкории Исломӣ дар сохтимони СММ дар Ню-Йорк дидор кардааст.

Тибқи ин баёния, Гутерриш таъкид кард, ки СММ барои иҷрои қатъномаи Шӯрои ҳуқуқи башар “барои мубориза бо нафрати зиддимазҳабӣ, ки мунҷар ба табъиз, хусумат ва хушунат мешавад” талош хоҳад кард.

Дар ин баёния бо таъкид бар инки Гутерриш бо ҷомеаи мусалмонон ҳамбастагӣ дорад омадааст: “дабири кулл нобурдборӣ, хушунат ва иқдомоти исломситезонаро, ки боиси афзоиши танишу эҷоди табъизу ифротгарӣ мешавад, маҳкум мекунад.”

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад