Мирзиёев хостори мубориза бо исломситезӣ дар ҷаҳон шуд

Президенти Узбекистон аз зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ изҳори назар кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, раисиҷумҳури Узбекистон, Шавкат Мирзиёев хостори мубориза бо мавориди исломситезӣ (исломофобия) дар ҷаҳон шуд.

Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” изҳорот дод.

Мирзиёев ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ тавассути интернет ишора кард.

Ҳамчунин дафтари матбуотии Президени Узбекистон зикр кардааст: “Бо мақсади ба ҳам наздик кардани кишварҳо ва халқҳои бародар пешниҳод карда шуд, ки масъалаи таҳияи созишномаи бисёрҷониба оид ба дӯстӣ, робитаҳои минтақавӣ ва шарикӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад.”

Маврид ба зикр аст, ки ахиран Мирзиёев вокуниши худро ба сӯзонидани Қуръон дар Швется низ изҳор дошт.

Ӯ зимни суҳбат интихобкунандагонаш пеш аз интихоботи президентӣ дар Тошканд, чунин амалро ваҳшигарӣ хонд.

Вай таъкид кард: “Мо комилан муқобили ҳама гуна шаклҳои радикализм ва ифротгароӣ ҳастем, ки беэҳтиромӣ ба арзишҳои динии миллату халқиятҳои гуногунро нишон медиҳанд.”

Ӯ чунин амалкард дар Стокҳолмро сазовори маҳкумият хонда, таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳое, ки дин ва эҳсоси наҷиби миллионҳо нафарони рӯи заминро таҳқир мекунанд, набояд роҳ дод.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 июл раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти формати “Осиёи Марказӣ–Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ҷамъ омаданд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад