Украина дар ҳоли аз даст додани нерӯи инсонӣ ва муҳиммоти ҷангӣ

Артиши Украина аз камбуди шадиди нерӯи инсонӣ ранҷ мебарад чаро, ки он бахш аз артиши Украина, ки дар чанди соли гузашта тавассути НАТО барои ҷанги нёбтӣ алайҳи Русия омӯзиш дида буд, дар аввалин мароҳили амалиёти низомии вижаи Маскав нобуд шуд ва аз байн рафт.

Ва нусхаи дуввуми артиши Украина, ки дар сентябри 2022 даргири тасарруфи Херсон ва Харков буд ҳам дар ҷараёни ҳамон даргириҳо нобуд шуд ва акнун Украина дар давраи нусхаи севвуми артиши ин кишвар қарор дорад, ки ин артиш дар ҳақиқат бахше аз зидди ҳамлаи ҷории нерӯҳои украинӣ алайҳи артиши Русия аст, ки бисёр фарсуда ва кам таҷриба аст, ки ҳатто ироаи таслиҳоти пешрафта ва омӯзиш ба артиши Украина ҳам наметавонад мӯҷиби таҳаққуқи аҳдофи Киев шавад зеро нуктаи аслӣ ин аст, ки омӯзишҳои ироа шуда тавассути кишварҳои узви НАТО ба ин нерӯҳо на кофист ва на муассир. Чаро ки бисёре аз сарбозоне, ки Украиниҳо ба хатти муқаддам эъзом мекунанд танҳо ду то се моҳ давраи омӯзишӣ тай кардаанд.

Барои омӯзиши ин сарбозон ҳатто аз як системи омӯзишии якдсат ва стандарт истифода намешавад чаро, ки бархе аз онҳо дар Англис, гурӯҳе дар Олмон, баъзеҳо дар Полша, иддае дар Италия ва гурӯҳе дар Фаронса омӯзишҳои худро мебинанд. Бинобар ин ин нерӯҳои низомӣ бо омӯзишҳои мутафовите, ки аз сар гузарондаанд монанди як лиҳофи тикка тикка шуда ҳастанд.

Вақте 6, ҳафт ё 30 кишвар мухталиф доред, ки барои ҳазорон нафар аз Украиниҳои барномаҳо ва омӯзишҳои мухталиф ва мутафовити тамриниро барномарезӣ мекунанд, ҳеҷ навъ омӯзиши якнавохти стандарти дарёфт намекунед.

Ҳамаи мавориде, ки баршумурда шуд ба ин маънӣ аст, ки ҳар касе бо ҳадди ақал таҳсилот дар улуми низомӣ аз ибтидо медонист, ки ин систем ва равиши омӯзишии нерӯҳои украинӣ, талоше буд, ки аз ибтидо маҳкум ба шикаст буд.

Илова бар ин, муддатзамони кӯтоҳи се то панҷ моҳаи омӯзиш ба нерӯҳои украинӣ ин иҷозаро намедиҳад то ба андозаи кофӣ ва коромад битавонанд аз таслиҳоти низомие, ки НАТО дар ихтиёри онҳо мегузорд, истифодаи матлуб ва ҳаддиаксарӣ дошта бошанд.

Омӯзиши як сарбоз барои инки битавонад ба таври муассир ва ҳамоҳанг дар як амалиёти размӣ нақш ифо кунад, танҳо дар дидани омӯзишҳои кӯтоҳмуддати кунунии аввалия хулоса намешавад балки як омӯзиши хуб ва стандарт, ҳудуди 13 ҳафта замон ниёз дорад ва ин дар ҳоле аст, ки ин омӯзиш танҳо ба шумо усули аввалияро омӯзиш медиҳад.

Сарбозон бояд вориди марҳалае шаванд, ки дар артиш аз он ба унвони «омӯзиши фарди пешрафта» ёд мекунанд, ки ба навбаи худ метавонад як раванди ду то се моҳаи дигар барои касби маҳорат‎ҳои аввалия бошад.

Акнун агар қарор аст шахс як ронандаи танк шавад ё оператори як фарди мутахассиси тӯпхонаи M777 бошад боз бояд давраи махсуси онро бигузароанд.

Аммо масъалае, ки аз ҳама муҳиммтар аст наҳваи ҳамоҳангӣ ва эҷоди назм дар миёни нерӯҳо дар ҷараёни амалиёти низомӣ аст, ки дорои аҳамияти бисёр аст ва таъсири бисёр зиёде дар натиҷаи амалиёти низомӣ дорад ва омӯзиши ин мавриди ахир ҳам ниёзманди замони мавриди ниёз худ аст.

Барои печидатар шудани авзоъ, таслиҳоти пешрафтаи НАТО ба ҳадафи аслии нерӯҳои мусаллаҳи Русия табдил шудаанд ба наҳве, ки Владимир Путин дар 13 июл сӯҳбат бо як шабакаи телевизионии русӣ хотирнишон кард, ки низомиёни украинӣ «ағлаб ҳатто аз савор шудан ба танкҳои [НАТО] худдорӣ мекунанд, зеро онҳо як ҳадафи аввалавиятдор барои сарбозони мо маҳсуб мешаванд.»

Бинобар ин дар оғози зидди ҳамлаи Украина, Киев мутаҳаммили хисороти сангине дар баҳси худравҳои зиреҳии сохти Ғарб шуд ва Путин дар ҳамон мусоҳиба дар ин робита гуфт: «танкҳои ғарбӣ ҳатто беҳтар аз танкҳои маъруфи Т-72 сохти Шӯравӣ месӯзанд.»

Ба навиштаи Спутник, тибқи гузоришҳои вазорати дифои Русия нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар аз оғози амалиёти низомии вижа то 13 июл 10 ҳазору 668 танк ва соири худравҳои зиреҳии ҷангии мутааллиқ ба Украинаро мунҳадим кардаанд, ки ин худ нишондиҳандаи ин аст, ки нерӯҳои укроинӣ ҳам аз ҷиҳати нерӯи инсонӣ ва ҳам муҳиммоти ҷангӣ дар тангно қарор дорад ва яке аз муъзалоти муҳмми Киев ба шумор меравад.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад