Пешниҳоди раиси Хатлон ба соҳибкорони Эрон

Раиси вилояти Хатлон ба соҳибкорони эронӣ содироти маҳсулоти хом ба монанди нахи пахта ва ҳазорон тонна пашми тавлидшударо пешниҳод кард.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон бо гуруҳе аз соҳибкорони эронӣ густариши ҳамкориҳои ду ҷонибаро баррасӣ кард.

Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилоят изҳор дошт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад.

Ӯ афзудааст, ки дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд.

Раиси вилояти Хатлон ба соҳибкорони эронӣ масъалаи коркард дар дохилро пешниҳод намуда гуфт: “Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад.”

Зикр шудаст, ки ҳамасола дар Хатлон то 300 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад, ки дорои сифати баланд мебошад.

Инчунин, беш аз 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз дорад.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилоят ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти минтақа мансуб ба Ҷумҳурии Исломӣ Эрон мебошад.

Ҷониби эронӣ омодагии худро барои ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф баён доштаст.

Ба иттилои ҳукумати Хатлон, дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳимми ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст, ки замина барои таҳкими ҳамкориҳо мебошад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад