Пирӯзии Мирзиёев таҳаввул дар сиёсатҳои дохиливу хориҷии Узбакистон

Ҳамон гуна, ки маҳофили сиёсии мустақил пешбинӣ карда буданд, Шавкат Мирзиёев, номзади ҳизби ҳоким ва раиси ҷумҳурии феълии Узбакистон бо наздик ба 88 дарсади орои мардумӣ барои як давраи панҷсолаи дигар бар курсии раёсати ҷумҳурӣ такя хоҳад зад.

Низом Хоҷаев, раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон, Шавкати Мирзиёев, номзади ҳизби ҳокимро пирӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар муаррифӣ кардааст. Раиси Ситоди марказии интихоботи Узбакистон имрӯз душанбеи 10 июл эълом кард, раиси ҷумҳурии феълии Узбакистон бо касби 87.5 дарсади оро пирӯзи интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии ин кишвар шудааст.

Низом Хоҷаев дар иҷтимои намояндагони расонаҳои ҷамъии дохиливу хориҷӣ зимни эъломи натоиҷи аввалияи интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Узбакистон, теъдоди орои касбшуда тавассути Мирзиёевро 13 миллиону 625 ҳазору 55 раъй эълом кард. Теъдоди воҷидини шароит барои ширкат дар интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Узбакистон 19 миллиону 593 ҳазору 838 эълом карда буд. Ба ин тартиб, метавон гуфт, беш аз панҷ миллион нафар аз атбои ӯзбакистонӣ ҳозир нашудаанд ба Шавкат Мирзиёев раъй диҳанд.

Се номзади дигари интихоботи зудҳангоми раёсати ҷумҳурии Узбакистон дар маҷмуъ ҳатто натавонистаанд кулли орои худро ба ду миллион раъйдиҳандаи ӯзбак бирасонанд. Мизони мушорикати мардумӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии нуҳуми июли Узбакистон 79.88 дарсад ва маҷмуи теъдоди раъйдиҳандагон 15 миллиону 651 ҳазору 405 нафар эълом шудааст.

Табиист, ки Шавкати Мирзиёев, раиси ҷумҳурии мунтахаби мардуми Узбакистон, сиёсатҳои тарроҳикардаи худро дар панҷ соли оянда низ идома хоҳад дод. Ин сиёсатмадори ӯзбак, ки пас аз Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии фақиди Узбакистон, аз соли 2016 мелодӣ бар курсии раёсати ҷумҳурии ин кишвар такя зада, дар солҳои нахустини раёсати ҷумҳурии худ тавонист сиёсати дохиливу хориҷии Узбакистонро дигаргун ва мутаҳаввил кунад. Шавкати Мирзиёев илова бар сиёсатҳои иқтисодии созандаву тағйироти барҷаставу асосӣ дар сиёсатҳои дохилӣ, сиёсати хориҷии Узбакистонро низ ба таври асосӣ ва решаӣ мутаҳаввил созад. Ба ҳамин далел, бисёре аз коршиносон идомаи сиёсатҳои давлати Тошканд дар панҷ соли ояндаро бисёр ҷиддӣ медонанд.

Дар ҳамин иртибот Дмитрий Александров, мудири бахши мутолеоти Осиёи Марказии донишкадаи мутолеоти стратегии Русия ва як соҳибназар дар умури сиёсии масоили минтақаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз эътиқод дорад, сиёсати Шавкат Мирзиёев ҳамчунон бар тақвияти ҳар чӣ бештари робита бо Русия ва дигар қудратҳои мустақил дар минтақаву дурӣ аз Ғарб мутамаркиз хоҳад буд.

Дар моҳҳои ахир, раиси ҷумҳурии Узбакистон зимни сафар ба Теҳрон ва дидор бо мақомҳои Эрон, бар тақвияти ҳар чӣ бештари робита бо Эрон таъкид кардааст. Дар ин росто, ду тараф тавофуқоте низ кардаанд, ки ҳоизи аҳамият аст. Ин раванд нишон медиҳад, ки давлати Мирзиёев дар панҷ соли оянда ба ҳамкорӣ бо Эрон, Русия ва Чин мутамаркиз хоҳад буд. Дар муқобил, бо вуҷуди фишорҳои Амрико ва муттаҳидони ғарбиаш барои тақвияти робита бо Узбакистон, баид аст, ки давлати Тошканд ба тақвияти робита бо Ғарб, ба вижа Амрико иқдом кунад.

Собиқаи бисёр мухотираомези фаъолиятҳои Амрико дар Андиҷони Узбакистон дар соли 2005 мелодӣ бар ҳеч як аз сиёсатмадорони ӯзбак пӯшида нест. Ҳамин нақши манфии ҷосусони амрикоӣ дар Андиҷон ин ҳақиқатро исбот мекунад, ки Амрико бештар аз талош барои доштани робитаи солим бо як кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбакистон, дар садади рӯи кор овардани як давлати вобаста ба худ аст то битавонад аз тариқи он давлат, фишорҳои сиёсиву низомӣ бар Русия ва дигар давлатҳои мустақилро бинобар майли худ бо навасоноте мувоҷеҳ сохтаву хостаҳои худро дар ин манотиқ ба курсӣ бинишонад.

Табиӣ аст, ки дар сурати фосила гирифтани Туркия аз сиёсатҳои Амрико ва Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) ва ҳамгироӣ бо давлатҳои мустақил, давлати Тошканд ба ҳамкорӣ бо давлати Анкара низ мутааҳҳид хоҳад буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад