Афзоиши мубодилоти тиҷории Узбекистон ва Эрон

Мубодилоти бозаргонии Узбекистон ва Эрон дар 5 моҳи нахусти соли равон ба 227 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли кабл 24 миллион доллар (24 дарсад) афзоиш доштааст.

Мубодилоти бозаргонии Узбекистон ва Эрон дар 5 моҳи нахусти соли равон ба 227 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба муддати мушобеҳи соли кабл 24 миллион доллар (24 дарсад) афзоиш доштааст.

Аз ин мизон саҳми содироти Эрон ба Узбекистон ҳудуди 146 миллион доллар ва саҳми воридот аз ин кишвар ба 80 миллион доллар будааст. Тарози тиҷории Эрон бо Узбекистон дар ин замон +66 миллион доллар бадааст. Дар ин давра, Теҳрон дар ҷойгоҳи 18-уми шарикони тиҷории Тошканд қарор гирифтааст.

Тибқи эълони Кумитаи давлатии омори кишвари Узбекистон, ҳаҷми тиҷорати хориҷии ин кишвар дар 5 моҳи нахусти соли 2023 дар муқоиса бо муддати мушобеҳи соли қабл бо афзоиши 5.2 миллиард долларӣ (25.4 дарсад) нисбат ба муддати мушобеҳи соли қабл ба рақами 25 миллиарду 817 миллион доллар расидааст. Аз ин мизон саҳми содирот 10 миллиарду 511 милион доллар ва саҳми воридоти ин кишвар низ ба мизони 15 миллиарду 306 миллион будааст. Тарози тиҷорати хориҷии Узбекистон дар муддати мазкур ба мизони 4 миллиарду 794 миллион доллар манфӣ будааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад