Аз оддисозии равобити Эрону Арабистон истиқбол мекунем

Вазири хориҷаи Русия эълон кард, равобити кишвараш бо кишварҳои Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс бар дӯстӣ, широкату эҳтироми мутақобил устувор аст.

Расонаҳои арабӣ хабар доданд, Сергей Лавров вазири хориҷаи Русия дар нишасти муштарак бо ҳамтоёни худ дар кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс эълон кард бо вузарои Шӯрои ҳамкорӣ масаълаи расидан ба роҳи ҳалли мусолиматомез барои буҳрони Яманро мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст.

Лавров, ки дар поёни нишасти муштараки вазорати кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва Русия дар Маскав сухан мегуфт, таъкид кард: мо мавзеи муштараке бо кишварҳои Шӯрои ҳамкорӣ дар робита бо ҳифзи тамомияти арзии ҳокимияти Сурия бар марзҳои худ дорем.

Вай ҳамчунин аз беҳбуди равобит байни Эрон ва кишварҳои арабӣ ҳам ибрози хурсандӣ кард.

Вазири хориҷаи Русия дар робита бо парвандаи Судон ҳам гуфт: мо нигарони идомаи рафторҳои хушунатомез дар Судон ва қурбонӣ шудани афроди бегуноҳ ҳастем.

Сергей Лавров дар идома таъкид кард: Русия бо кишварҳои Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс дар робита бо аҳамияти тасреъ дар ҳалли масаълаи Фаластин ҳамназар аст.

Ӯ гуфт, Маскав аз тариқи ин эътилофҳо ба дунболи таҳдиди ҳеҷ кишваре нест.

Дар муқобил Ҷосим Албадивӣ, дабири кулли Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ҳам аз нигоҳи собит кишварҳои ин шӯро барои гуфтугӯ бо Русия ва тавсеаи равобит бо ин кишвар сухан гуфт.

Вай аз барномаи иқдоми муштарак бо Русия ба унвони зербинои равобити ду ҷониба номбурда ва афзуд: мо дар фосилаӣ баробар нисбат ба тамомии шуракои байналмилалии худ истодаем.

Дар ин нишасти муштарак, ки дар сатҳи вузаро баргузор шуд, равобити Шӯрои ҳамкорӣ бо Русия ва роҳҳои тавсеаву густариши он дар соҳаҳои мухталиф мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт.

Ҳамчунин ахиран таҳаввулоти буҳрони Русия ва Украина талошҳои байналмилалӣ барои ҳалли ин буҳрони сиёсӣ ҳам бо тарафи русӣ баррасӣ шуд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад