Пирӯзии Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии Узбекистон

Раисҷумҳури кунунии Узбекистон бештари овозҳоро дар интихоботи раёсатҷумҳурии пеш аз муҳлати ин кишвар ба худ ихтисос додааст.

Ба гузориши ТоҷикПресс ба нақл аз Спутник, тибқи эълони Комиссияи марказии интихоботии Узбекистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури кунунии Узбекистон пирӯзи интихоботи раёсатҷумҳурии пеш аз муҳлат шуд.

Ба иттилои манбаъ, Мирзиёев 87,05% овозҳоро ба даст овардаааст.

Зайниддин Низомхочаев, раиси Комиссияи марказии интихоботии ин кишвар дар ин бора гуфт: “87,05% аз шумори умумии интихобкунандагон ба тарафдории номзад аз Ҳизби либерал-демократии Узбекистон Шавкат Мирзиёев овоз доданд.”

Дар ҷои дуюм бо 4,43% номзад аз Ҳизби сотсиал-демократии “Адолат” (“Адолат”), муовини аввали раиси Суди Олӣ Робахон Маҳмудова, дар ҷои сеюм раиси Ҳизби Халқии Демократии Узбекистон (ҲХДТ) Улуғбек Иноятов бо 4,02% қарор доранд.

Дар мақоми чаҳорум раиси Ҳизби экологӣ Абдушукур Ҳамзаев бо 3,74% овоз гирифт.

Тибқи иттилои Комиссияи марказии интихобот, иштироки ниҳоии интихобкунандагон 79,8% ё 15,6 миллион нафарро ташкил дод.

Мирзиёев дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2021 бо 80,31 дарсади оро ва ширкати 80,04% овоздиҳандагон пирӯз шуда буд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад