Шветсия беҳурматӣ ба Қуръонро манъ мекунад

Мақомоти Шветсия ба дунболи он ҳастанд, ки дар қонуни эътои муҷаввиз барои беҳурматӣ ба Қуръони Карим тағироте эҷод кунанд.

Вазири додгустарии Шветсия эълон кард, ки ин кишвар дарсададаст тағироте дар қонуни эътои муҷаввиз ба иҳонаткунандагон ба Қуръони Карим эҷод кунад.

Бино ба гуфтаи ин вазири Шветсия, давлат дар ҳоли баррасӣ ва арзёбии ин қонун ва зарарҳоест, ки метавонад ин гунақавонин ба амнияту виҷҳаи кишвар бизанад.

Ҳафтаи гузашта як муҳоҷир бо асолати ироқӣ, ки шаҳрвандии Шветсияро гирифта буд бо иҷозати расмии давлати Шветсия иқдом ба қуръонсӯзӣ дар Иди Саиди Қурбон он ҳам дар баробари масҷиди ҷомеи шаҳри Стокголм кард, ки вокунишҳои манфии бисёре дар дохилу хориҷ аз Шветсия дошт.

Ватикон ва уламои мусалмлон дар ниҳодҳо ва кишварҳои мухталиф ин иқдомро шадид маҳкум карданд.

Туркия низ эълон кард, ки бо ин иқдоми Шветсия, узвияти ин кишвар дар НАТО бо тадовуми чунин рафторҳое аз сӯи мақомоти Шветсия мумкин нест ва Анқара то замоне, ки ин рафторҳо идома дошта бошад бо узвияти Шветсия мувофиқат нахоҳад кард.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад