Эрдуғон: Украина шоистаи узвият дар НАТО аст

 Раисҷумҳури Туркия бо таъкид бар ҳимояти ҳамаҷониба аз раванди бозсозии Украина, тасреҳ кард: бешак Украина шоистаи узвият дар НАТО аст.

Раисҷумҳури Туркия бо таъкид бар ҳимояти ҳамаҷониба аз раванди бозсозии Украина, тасреҳ кард: бешак Украина шоистаи узвият дар НАТО аст.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар нишасти муштараки хабарӣ бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина пас аз дидор дар Истамбул изҳор дошт: Туркия ба кишваре табдил шудааст, ки фишурдатарин талошҳоро барои поён додан ба ҷанги Русия ва Украина аз тариқи музокира бар асоси қавонини байналмилалӣ анҷом медиҳад.

Вай зимни ибрози умедворт нисбат ба тамдиди тавофуқи коридури ғалоти Дарёи сиёҳ, ки 17-уми июл мунқазӣ мешавад, таъкид кард: интизор меравад мӯҳлати эътибори ин тавофуқнома ба ҷой ҳар ду моҳ як бор дастикам ҳар 3 моҳ як бор тамдид шавад. Барои афзоиши муддатзамони он ба 2 сол талош мекунем.

Эрдуғон бо таъкид бар ҳимояти ҳамаҷониба аз раванди бозсозии Украина, тасреҳ кард: бешак Украина шоистаи узвият дар НАТО аст.

Вай дар идома афзуд: суҳбатҳои раисҷумҳури Украина дар бораи табодули асиронро шунидем. Ҳамчунин дар ҳоли музокира бо тарафи рус ҳастем. Моҳи оянда, Путин ба Туркия сафар хоҳад кард. Мо фурсати дидори рӯ дар рӯ хоҳем дошт.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад