Вокунишҳои ҷаҳонӣ пас аз иҳонат ба Қуръони Карим

Иҷозати пулиси Шветсия барои оташ задани Қуръони Карим дар саросари ҷаҳон бо интиқодҳои густарда рӯбарӯ шудааст.

Алӣ Қара Доғӣ, дабири кулли Иттиҳоди байналмилалии уламои мусулмон, дар баёнияе дар вокуниш ба беэҳтиромӣ ба Қуръони Карим гуфт, ки сӯзондани Қуръон нажодпарастӣ аст, на озодӣ. Ин иқдом ваҳшигарии фарде аст, ки тавассути мақомоти расмӣ ҳимоят мешавад, ки набояд дар муқобили он сукут кард.

Шӯрои ҳамкории Халиҷи Форс ҳам бо судури баёнияе таъкид кард, ки чунин иқдомоте нишондиҳандаи нафратпароканӣ, кина ва ифротгароӣ аст. Ин шӯро аз мақомоти Шветсия хост, то барои таваққуфи ин иқдомот ба шакли фаврӣ иқдом кунанд.

Парлумони арабӣ дар баёнияе бо маҳкум кардани тадовуми иқдомоти мақомоти Шветсия, иттифоқи рӯйдодаро иқдоми таҳрикомез тавсиф кард, ки эҳсосоти мусулмононро дар саросари ҷаҳон таҳти таъсир қарор додааст.

Дар Марокаш, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар, кордори Шветсияро эҳзор кард ва сафири Марокаш дар Шветсия барои ройзанӣ «барои муддати номаҳдуд» ба кишвар фарохонда шуд.

Дар баёнияи Вазорати умури хориҷаи Марокаш омадааст: “дар ҷараёни эҳзори дипломати шветсияӣ, подшоҳи Марокаш ба шиддат ин иқдомро маҳкум кард.” Ин баёнияи Вазароти хориҷаи Марокаш, беҳурматӣ ба Қуръони Каримро иқдоми «хасмона ва ғайримасъулона» тавсиф кардааст.

Вазорати умури хориҷаи Арабистони Саудӣ ҳам дар баёнияе эълон кард: “ин эъмолии нафратангез ва мукаррарро наметавон бо ҳеҷ тавҷеҳе пазируфт. Ингуна иқдомот ба равшанӣ нафратпароканӣ ва нажодпарастиро таҳрик мекунад.”

Вазорати умури хориҷаи Кувейт низ тайи баёнияе ҳушдор дод, ки ончи иттифоқ афтодааст, иқдоми таҳрикомези хатарноке аст, ки эҳсосоти мусулмонон дар саросари ҷаҳонро хадшадор мекунад. Кувейт аз ҷомеаи байналмилалӣ ва давлати Шветсия хост, то иқдоме сареъ барои поён додан ба таҳрики эҳсосоти мусулмонон анҷом диҳанд ва нафратпароканиро мутаваққиф кунанд.

Вазорати умури хориҷаи Яман низ таъкид кард, ки таҳрики амдии эҳсосоти мусулмонони саросари ҷаҳон дар муносибатҳои муқаддаси исломӣ тавассути як ҷунбиши ифротгароии кинаҷӯ мусталзими посухгӯӣ ва муҷозоти ҳамаи касоне аст, ки чунин равияеро ташвеқ мекунанд ва пушти ин сӯиистифодаҳои мукаррар қарор мегиранд. Ин вазоратхона хостори иттихози тадобире барои ҷилавгирӣ аз чунин сӯиостфодаҳое шуд, ки ҳадафи он густариши фарҳанги нафрат ва адами эътиқод ба арзишҳо аст.

Дар Урдун, Вазорати умури хориҷа дар баёнияе эълон кард: “сӯзондани Қуръони Карим як амал нафратангези хатарнок ва мазҳари исломҳаросӣ аст, ки ба хушунат ва тавҳин ба адён доман мезанад ва наметавон онро навъе озодӣ талаққӣ кард.” Ин вазоратхона хостори таваққуфи ин гуна рафторҳо ва иқдомоти ғайримасъулона, лузуми эҳтиром ба намодҳои мазҳабӣ ва худдорӣ аз аъмоле шуд, ки ба нафрат ва табъиз доман мезанад.

Вазорати умури хориҷаи Фаластин ҳам таъкид кард: “ҳамлаи як ифротии манфур ба Қуръони Карим, баёни танаффур ва нажодпарастӣ ва ҳамлаи ошкор ба арзишҳои мудоро, пазириши ҳамдигар, демокрасӣ ва ҳамзистии мусоламатомез миёни пайравони ҳамаи адён аст. Ин иқдоми нажодпарастона комилан дар тазод бо озодии баёни ақида аст ва эҳсосоти миллионҳо мусулмон дар ҷаҳонро таҳти таъсир қарор медиҳад.”

Раҳбари ҷунбиши муқовимати исломии Фаластин (Ҳамос) дар паёми худ дар Твиттер, сӯзондани Қуръонро таҳрики эҳсосоти мусулмонони ҷаҳон ва таҷовуз ба ақоиди онҳо донист.

Довуд Шаҳоб, сухангӯи Ҷунбиши ҷиҳоди исломии Фаластин гуфт: “мо ин иқдомоти таҷовузкоронаро маҳкум мекунем. Ин ҳамалот ба Қуръони Карим ё масоҷид, ҷанги мазҳабиро шӯълавар хоҳад кард.”

Дар Лубнон, Шӯрои олии исломии шиъамазҳабон тайи баёнияе таъкид кард, ки ончи иттифоқ афтодааст, нақзи ошкори озодии мазҳаб ва ақидааст. Ин шӯро хостор мавзеи ҷиддӣ дар баробари ҷанги мазҳабӣ шуд ва аз мардум ва равшанфикрон хост, то бар давлати Шветсия фишор биоваранд, то ин гуна иқдомотро мутаваққиф кунад.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия низ дар суханоне таъкид кард, ки беэҳтиромӣ ба Қуръон дар Русия бар хилофи бархе аз кишварҳо ҷурм аст. Вай дар ҷараёни боздид аз масҷиди Ҷумъа дар Дарбанд гуфт: “Русия барои Қуръон ва эҳсосоти мазҳабии мусулмонон эҳтироми зиёде қоил аст ва беэҳтиромӣ ба ин китоби муқаддас дар Русия ҷурм аст.”

Вай, ки дар ҷараён боздид аз масҷиди «Ҷумъа» як “уръон ҳадя гирифт, идома дод: “дар кишвари мо ин ҷиноят (сӯзондани Қуръон) тибқи Сарқонун ва моддаи 282 қонуни ҷазои Русия ҷурм аст ва беэҳтиромӣ ва таҳрик ба нафрати байни адён ба ҳисоб меояд.”

Ҳамчунин Вазири умури хориҷаи Туркия эълон кард, ки Анқара иқдоми нафратангези полиси Шветсия алайҳи Қуръони Карим дар рӯзи аввали иди Қурбонро маҳкум мекунад.

Вай дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт: “судури муҷаввизи ингуна иқдомоти зидди исломӣ ба баҳонаи озодии баён ғайри қобили қабул аст.”

Фидон, вазири хориҷаи Туркия таъкид кард, ки чашмпӯшӣ аз чунин иқдомоти шанеъи як кишваре ба манзилаи ҳамдастӣ бо он кишвар аст.

Дар баёнияи дафтари нахуствазири Ироқ, ба нақ аз сухангӯи давлати ин кишвар омадааст: “давлати Ироқ сӯзондани Қуръони Карим тавассути бархе аз беморони равониро, ки ағлаб аз сӯи афроде бо зеҳн ва рӯҳи бемор ва ифротӣ, ба сурати аланӣ ва пур аз нафрат ва зери по гузоштани тамомии арзишҳои инсонӣ аст, ба шиддат маҳкум мекунад.”

Дар ин баёния омадааст: “давлати Ироқ мӯътақид аст, ки ин иқдоми шанеъ, эҳсосоти миллионҳо мусулмонро ҷариҳадор карда ва ҳатто мардуми ғарбро низ, ки ҳамвора ба истиқбол аз танаввӯъ, эҳтиром ба ақоиди дигарон ва ҳимоят аз адён ва ҳуқуқи пайравони он меболанд, озурда кардааст.

Ин баёния меафзояд: “ин иқдомот нишондиҳандаи рӯҳияи нафратппроканона ва пархошгарона аст, ки рабте ба озодии баён надорад, балки иқдоме нажодпарастона ва таҳрик ба хушунат ва нафрат аст. Иҷоза додан ба ин ифротгароён барои таҳрики мусулмонон, моро бори дигар ба ботлоқи терроризм ва ​​ифротгароӣ мекашонад.”

Дар Сурия, Вазорати умури хориҷаи ин кишвар иқдоми як ифротӣ нисбат ба беҳурматӣ ба Қуръони Карим бо муҷаввиз ва мувофиқати давлати Шветсияро ба шиддат маҳкум кард. Як манбаи расмӣ, рӯзи панҷшанбе дар вазорати умури хориҷаи Сурия эълон кард: “давлатҳои ғарбӣ бояд аз иқдомоте, ки нафрат миёни миллатҳо эҷод мекунад, даст бардоранд ва бидонанд, ки озодии бархе дар гарави озодии дигарон ва эҳтиром ба эҳсосоти онҳост ва аз ин рӯ ҳеҷ тавҷеҳе барои ҷинояти иҳонат ба Қуръони Карим вуҷуд надорад.”

Равобити умумии Вазорати умури хориҷаи Покистон низ бо маҳкумияти иқдоми шанеъ ва шайтонии беҳурматӣ ба китоби осмонии мусулмонон дар Шветсия, ин иқдомро мухолиф бо озодии баён донист ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хоҳони гомҳои муассир алайҳи исломситезӣ шуд.

Ҳамчунин Вазорати хориҷаи Афғонистон ҳам сӯзондани Қуръони Карим дар Шветсияро маҳкум кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар вокуниш ба иҳонат ба Қуръон дар Шветсия таъкид кард, ки кишвараш ба мутакаббирони ғарбӣ хоҳад фаҳмонд, ки иҳонт ба муқаддасоӣи мусулмонон, озодии ақида нест.

Эрдуғон афзуд, ки онҳо, ки муртакиби ин ҷиноят шуданд, онҳо, ки муҷаввизи ин корро таҳти пӯшиши озодии ақида доданд ва онҳо, ки аз ин кори паст чашмпӯшӣ мекунанд, ба аҳдофи худ нахоҳанд расид.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад