Замзам, гуворотарин ва муборактарин савғотӣ

Замзам номи чашмаест, ки ба лутфи Худованд барои ҳазрати Исмоил (а) ҷорӣ шудааст. Паёмбари Акрам (с) оби онро бартарин обҳои замин ва шифобахш хонда ва имрӯза муборактарин савғотии ҳоҷиён аз сарзамин ваҳй аст.

Чоҳи Замзам яке аз баракатҳои Масҷидулҳаром аст, ки ҳар касе дар сафар ба Маккаи Мукаррама ва ё дидор бо зоирони Хонаи Аллоҳ, ҷуръае аз ин оби муқаддасро нӯшидааст.

Тибқи ривоятҳо ин чашмаро ҳазрати Ҷабраил замоне падид овард, ки ташнагӣ бар ҳазрати Исмоил (а) ва Ҳоҷар (ки тавассути ҳазрати Иброҳим (а) аз сарзамини Фаластини Канъон ба саҳрои хушку беоби Арабистон кучонда шуданд) ғалаба кард.

Бо ҷӯшидни чашма аз зери пои Исмоил (а), Ҳоҷар бо қум ва санг атрофи чашмаро маҳсур мекунад. Ин ҳаракат баёнгари муқаддас будани об аст.

Ин чоҳ дар 21 метрии Каъба қарор дорад, ки 30 метр амиқ аст. Дар соли 1415 чоҳи Замзамро лулакашӣ карда ва ба беруни Масҷидулҳаром ба тарафи ҷануб интиқол доданд. Ҳамчунин се мотори насоси оби чоҳро ба минтақаи Кӯй мекашанд ва дар онҷо дар манбаи бузурге захираву баъд аз тасфия ба Масҷидулҳаром баргардонда мешавад. Дар ҳоли ҳозир дар ҳар сония 11 литр об аз чоҳи Замзам баҳра бардорӣ мешавад.

Ҳоҷиёни Байтуллоҳилҳаром ташнагии худро бо нӯшидани оби пурбаракати Замзам дар Масҷидулҳаром фурӯ менишонанд.

Замзам

Дар ҳоли ҳозир оби Замзам тавассути насос аз тариқи лӯлакашӣ ба зоирин мерасад ва бисёре аз онҳо ин обро ба унвони савғот ба кишвару шаҳри худ мебаранд.

Тавзеи оби Замзам дар миёни зоирон дар ихтиёроти Идораи обрасонӣ ва воҳиди саққояти идораи кулли Масҷидулҳаром ва Масҷидуннабӣ қарор дорад ва ин идора ба сурати шабонаи рӯзӣ ҳазорон шиша оби Замзами хунакро дар ихтиёри зоирон қарор медиҳанд.

 

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад