Омодагии ҶИЭ барои такмили роҳи оҳани Хоф – Ҳирот

Ҷумҳурии Исломии Эрон эълон кард, омодаи такмили роҳи оҳани Хоф – Ҳирот аст. Ин хати оҳан яке аз роҳҳои мувосилотии муҳим ва роҳбурдӣ ба тӯли 226 километр аст, ки шарқи Эронро ба ғарби Афғонистон муттасил мекунад.

Афғонистон кишваре маҳсӯр дар хушкӣ аст, ки барои иртиботи ҷорӣ бо ҷомеъаи байналмилалӣ ниёзманди истифода аз роҳҳои мувосилотии кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон аст. Бо таваҷҷуҳ ба инки Афғонистон дар ҳавзаи тамаддунии Эрон қарор дорад, Теҳрон дар солҳои ахир тамоми талоши худ ва ҳамчунин тасҳилоти лозимро дар ихтиёри Афғонистон қарор додааст то зимни хурӯҷ аз бунбасти мувосилотӣ бо ҷомеаи байналмилалӣ аз тариқи роҳҳои амн ва ба сарфаи иқтисодӣ иртибот барқарор кунад, ки дар ҳамин росто истифода аз бандари байналмилалии Чобаҳор ва ҳамчунин роҳи оҳни Ҳирот ба Хоф амалиётӣ шуда ва тарҳҳои дигар низ дар дасти таҳия аст.

77-километр аз хати оҳани Хоф – Ҳирот дар хоки Эрон ва 149 километри он дар хоки Афғонистон сохта шуда ва Ҷумҳурии исломии Эрон бахши дохилии худро эҳдос кардааст ва бо таваҷҷуҳ ба шароити Афғонистон, омодагӣ дорад то бахши дохилии ин кишварро низ такмил кунад. Амини Фарҷод, коршиноси масоили Афғонистон дар ин бора мегуяд:

«Яке аз заъфҳои роҳбурдии Афғонистон бунбасти мувосилотӣ аст ва ин кишвар ногузир ба истифода аз роҳҳои мувосилотии кишварҳои ҳамсоя аст, ки маъмулан дар бахши Покистони ин кишвар аз он ба унвони аҳруми фишор бар зиди Афғонистон истифода мекунад бинобар ин, амалиётӣ шудани роҳҳои мувосилотии Эрон, танаффуси амиқеро барои ин кишвар фароҳам мекунад то бидуни эҳсоси ҳеҷ гӯна фишоре робитаи тиҷории худро бо ҷомеаи байналмилалӣ танзим кунад».

Ба ҳамин далел ва дар ростои тасреъ дар амалиётӣ шудани роҳи мувосилотии Эрону Афғонистон Козими Қумӣ, намояндаи раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар умӯри Афғонистон дар дидор бо Бахтурраҳмон Шарофат, раиси идораи хати оҳани Толибон дар Кобул, дар мавриди афзоиши ҳамкориҳои рейлӣ бо Афғонистон эъломи омодагӣ кард. Муҳаммаднасими Мауҳаммадӣ, раиси идораи хати оҳани Ҳирот- Хоф ҳам бо таъйиди оғози мутолиот барои сохти марҳалаи сеюми хати оҳани Хоф – Ҳирот эълом кард:

«Дар поёни марҳалаи иҷроӣ қарор аст, “истгоҳи Шамтеғ”, сохта шавад. Ин ба-дон маъно аст, ки Афғонистон низ бо дарки аҳаммияти истифода аз роҳи мувосилотии хати оҳани Ҷумҳурии исломии Эрон барои такмилу амалиётӣ шудани он мусаммам аст».

Дар ҳамин росто ахиран чаҳор тан аз коркунони хати оҳани Афғонистон барои фарогирии донишҳои лозим ба Эрон сафар карданд. Ин афрод баъд аз бозгашт дар хати оҳани Ҳирот – Хоф фаъолият хоҳанд кард. Бо таваҷҷуҳ ба инки дар асри кунӯнӣ иқтисоди ҷаҳонӣ, роҳҳои мувосилотии амн ва ба сарфаи иқтисодӣ нақши таъйинкунандае доранд, иртиботи рейлии Афғонистон бо Эрон метавонад таҳаввули муҳимме дар иқтисоду иртибототи ин кишвар эҷод кунад. Зеро Эрон ба далели мавқеъияти роҳбурдии худ метавонад Афғонистонро ба кулияи бозорҳои ҷаҳонӣ муттасил кунад.

Асадуллоҳ Зоирӣ, коршиноси масоили байналмилалӣ дар ин бора мегуяд:

«Эрон ба далели мавқеияти роҳбурдӣ аз назари ҷуғрофиёӣ дар чаҳор роҳи транзити ҷаҳонӣ қарор дорад, ки метавонад Афғонистонро ба манотиқи мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла шибҳи қораи Ҳинд, Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ва кишварҳое монанди Ироқу Русия муттасил кунад ва аз ин роҳҳои мувосилотӣ Афғонистон ба Аврупо муттасил шавад аз инрӯ, туҷҷор Афғонистон метавонанд аз тариқи роҳҳои мувосилотии Эрон робитаи худро дар ҷаҳони тиҷорат танзим кунанд».

Дар ҳар ҳол, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар беш аз чаҳор даҳаи гузашта ҳамвора дар канори мардуми Афғонистон буда ва фориғ аз инки чӣ давлате дар Афғонистон дар ҳокимият будааст ҳамаҷониба аз мардуми Афғонистон ҳимоят кардааст. Акнӯн низ Эрон бар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ ва кумак ба хурӯҷи Афғонистон аз бунбасти мувосилотӣ эълом кард, омодаи кумак ба такмили хати оҳани Хоф – Ҳирот дар хоки Афғонистон аст, ки ба унвони роҳи мувосилотии роҳбурдӣ метавонад нақш ва таъсири муҳим ва таъйинкунандаеро дар ҳали мушкилоти иқтисодӣ ва мувосилотии Афғонистон дошта бошад ва ин зарфиятро барои ин кишвар фароҳам мекунад, ки аз зери фишори бархе кишварҳои минтақа низ хориҷ шавад.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад