Такрори кудатои нофарҷом дар Қирғизистон

Манобеи хабарӣ дар Қирғизистон аз анҷоми як кудатои нофарҷоми дигар дар ин кишвар хабар доданд.

Дар ин иртибот, неруҳои амниятии Қирғизистон эълон карданд, мазнунони талош барои кудато дар кишварро дастгир кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон низ рӯзи (душанбе – 5 июн) эълон кард: “дар ҳоли ҳозир мушаххас шудааст, ки ин афрод қасди кудато дошта ва тамоми ширкаткунандагони фаъол ва мазнунин дар боздошт ҳастанд”. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон аз зикри номи фаъолону ҳамдастони кудато ва ҳамчунин ин ки бо кадом сиёсатмадор мумкин аст муртабит бошанд, худдорӣ кардааст. Ҳувияти афроди боздошт шуда токунӯн мушаххас нашудааст. Ин манобе ҳамчунин эълон карданд: “Афроди боздошт шуда ба дунболи чангандохтан бар қудрат бо зӯр буданд”.

Мақомоти давлати Бишкек, ҳануз вокунише ба кудатои нофарҷом нишон надодаанд. Мавзӯи кудатоҳои нофарҷом дар Қирғизистон мавзӯи ҷадидн нест ва ҳар аз гоҳе ин воқеа дар ин кишвари Осиёи Марказӣ рух медиҳад. Баъд аз муваффақияти кудатоҳои мавсӯм ба инқилоби рангӣ дар Украина ва Гурҷистон, Бунёди Сорос суроғи Қирғизистон рафту кудатои нофарҷомеро дар ин кишвар тадорук дид. Кудатои Бунёди Сорос дар Қирғизистон дар соли 2005 ба натиҷаи дилхоҳи Амрико ва муттаҳидонаш мунҷар нашуд. Аммо заминаҳои бурузи иғтишошоту мутаоқиби он суи истифодаи сиёсатмадорони Қирғизистон аз авзоъи нобаҳанҷори иқтисодиро дар ин кишвар фароҳам кардааст. Дар солҳои гузашта тақрибан ҳар дусол якбор як кудатои нофарҷом дар Қирғизистон рух додааст. Аммо пас аз муддате мушаххас шудааст, ки давлатмардони ҳоким бар Бишкек бо тарроҳии кудато, талош кардаанд ҷои пои худро дар раъси ҳокимияти ин кишвари Осиёи Марказӣ мустаҳкамтар созанд. Дар муқобили фаъолиятҳои ҷараёни ҳоким, рафта рафта ҷараёни мухолифони давлати Бишкек низ дар ҳоли шаклгирӣ буд, ки метавонист бо таваҷҷуҳ ба заъфҳои адидаи давлати марказии Бишкек аз потансиали норизоятии мардум дар мавзуоти иқтисодӣ ва ҳатто мазҳабии истифода ва ҷараёни қудратро бо чолише ҷиддӣ мувоҷеҳ созад. Бадеҳист, ки дар ин раванд, ҳечгоҳ ниҳодҳои вобаста ба бахшҳои хусӯсии ғарбӣ, бекор набуда ва ҳамвора аз тариқи расонаҳои дохилӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ барои сарнагунии давлатҳои ҳоким бар Бишкек талош кардаанд.

Ҷудо аз кудатоҳое, ки бо ҳимоятҳои Амрико ва ниҳодҳои ба истилоҳ вобаста ба бахшҳои хусӯсии ғарбӣ дар Қирғизистон дар солҳои 2005 , 2008 , 2013 , ва 2015 рух додааст, дар соли 2017 кудатои нофарҷоми дигаре авзоъи дохилии Қирғизистонро ба ҳам рехтааст. Аз ҳамон ибтидои кудатои нофарҷоми моҳи феврали соли 2017, ҷараёни Гулин ва давлати Туркия ба анҷоми кудато дар Қирғизистон муттаҳам шуд. Бо вуҷӯди он ки чанд моҳ баъд давлати Бишкек таҳти фишорҳои хориҷӣ масъулияти кудато дар Қирғизистонро аз давлати Анкара соқит кард, аммо бисёре аз коршиносони қирғиз нӯки тези ҳамалоти худро ба самти давлати Анкара нишона рафтанд. Дар ин росто, талошҳои бевақфаи тими расонаии Туркия бо ҳадафи сиёҳнамоӣ дар Қирғизистон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва ҳатто минтақаи худмухтори Синкёнг дар Чин барои эҷоди нафрат ба хубӣ машҳӯд будааст. Мумкин аст, ин тафриқаафканӣ ба ҷанги воқеӣ миёни кишварҳои зинафъ мунҷар нашавад, аммо мардуми ин кишварҳо дар равобити мутақобил, таҳдидотро ҷиддитар талаққӣ хоҳанд кард.

Дар мавриди нақши Туркия чунин ба назар мерасад, ки дигар роҳе барои расидан ба аҳдофи созмони Гулен дар Қирғизистон вуҷӯд надошт. Чаро ки стротижии маъмӯлии давлатмардони Анкар ва муттаҳидонаш, аз ҷумлаи ҷараёни Гулен, омӯзишу парвариши насли ҷадиду ҷо ба ҷоии сиёсатмадорони қадим бо ҷавонони таҳсил карда дар ниҳодҳои омӯзишии вобаста ба ин созмон он ҳам ба мурӯри замон, буд. Ин ҳақиқатро набояд нодида гирифт, ки дар беш аз ду даҳаи ахир мадорису донишгоҳҳои вобаста ба ҷараёни Гулен илова бар ин ки дар сатҳи омӯзишии хубе пуштибонӣ мешаванд, аммо ба тадриҷ ва дар авқоти фароғати донишҷӯён саъй дар илқои ватанпарастии он ҳам аз навъи туркӣ доранд. Бидуни шак, ағлаби хатмкунандагони донишгоҳҳо ва мадориси вобаста ба ҷараёни Гулен дар Қирғизистон ватанпараст тарбият мешаванд.

Ба ҳар ҳол, дар як ҷамъбандии куллӣ аз раванди кудатоҳои пай дар пай дар Қирғизистон бояд гуфт: Исрори ниҳодҳои ғарбӣ, ки тамоман ба Амрико ва давлатҳои аврупоӣ муртабит ҳастанду ҳадафи аслишон ба султа дар овардани кишварҳое назири Қирғизистон аст, маҳкӯм ба нобудӣ ҳастанд. Бадеҳист, ки ин ниҳодҳо илова бар талош барои рӯй кор овардани ҷараёнҳои вобаста ба Ғарб дар Қирғизистон, ба манзури фишор бар Русия низ аз ҷумҳуриҳои перомунии Русия дар Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Аврупои Шарқӣ ва Марказӣ дар ҷиҳати манофеи Амрико талоши музоъаферо дар дастури кор доранд.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад