Муаррифии панҷ кишвари нави узви ғайридоими Шӯрои амнияти СММ

Бо тасмими маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид, кишварҳои Алҷазоир, Гайана, Словения, Кореяи ҷанубӣ ва Серра Леона барои як давраи 2 сола, ба узвияти ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид даромаданд. 

Бо тасмими маҷмаъи умумии Созмони милали муттаҳид, кишварҳои Алҷазоир, Гайана, Словения, Кореяи ҷанубӣ ва Серра Леона барои як давраи 2 сола, ба узвияти ғайридоими Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид даромаданд.

Дар ин райгирь Беларус, ҳам ширкат карда буд аммо дар рақобат бо Словения шикаст хӯрд ва кишварҳои Маҷмаъи умумӣ ба ин муттаҳиди Русия раъй надоданд. Ин 5 кишвар ҷойгузини Албания, Бразилия, Габон, Ғино ва Амороти арабӣ муттаҳид хоҳанд шуд.

Шӯрои амният танҳо ниҳоди Созмони милал аст, ки метавонад тасмимоти илзомовари қонунӣ монанди ҷорисозии таҳримҳо ва иҷозаи истифода аз зӯрро гирад. Дар ин шӯро 5 узви доимӣ вуҷуд дорад, ки шомили Бритониё, Чин, Фаронса, Русия ва Иёлоти муттаҳидаи Амрико аст.

Барои узвияти аъзои муваққат раъйгирӣ ба тарз анҷом мешавад, ки итминон ҳосил шавад кишварҳое аз манотиқи мухталифи ҷаҳон дар ин Шӯро намоянда дошта бошанд.

Дар ин раъйгирӣ Гайана 191 раъй, Серра Леона 188 раъй, Алҷазоир 184 раъй ва Кореяи ҷанубӣ 180 рай касб карданд.

Словения ҳам бо касби 153 рай тавонист Беларусро бо 38 раъй барои курсии аврупои шарқӣ шикаст диҳад. Беларус аз соли 2007 бидуни мухолифат номзади курсии аврупои шарқӣ мешуд аммо дар декабри 2021 пас аз саркӯби ваҳшиёнаи мақомҳои Беларус алайҳи мардуми мӯътариз ба натиҷаи интихобот, Словения вориди рақобат шуд.

Русия ҳам аз он замон аз Беларус ҳимоят карда ва дар ҷараёни ҳамлаи худ ба Укроин низ аз ин кишвар барои пешбурди барномаҳои худ истифода кардааст.

Албатта бояд таъкид кард, ки нуфузи густурдаи Амрико ва Ғарб дар Созмони Милали Муттаҳид, бисёре аз сиёсатҳо ва барномаҳои ин созмон, мувофиқи хостаҳои онҳо идора мешавад.

Дар ҷанги Русия ва Украина, ки дар ҳақиқат ҷанги Русияв бо Амрико ва Ғарб аст, Белорус яке аз муттаҳидони асосӣ ва ошкори Русия дар муқобили Амрико ва Ғарб маҳсуб мешавад.

Зоҳиран нокомии Беларус дар ин масъала дахолати ошкор ва пинҳонии Амрико ва Ғарбро дар бар доштааст.

Андешаи Шумо

Адреси почтаи шумо нашр намешавад